Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон аз чӣ заҳролуд шуданд? Таҳқиқи ҳодисаи Одинтсово


Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар робита ба заҳролудшавии даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тақрибан панҷоҳ муҳоҷир шаби 22-юми июн ба бемористонҳои Одинтсово бурда шуданд. Ҳамаи онҳо дар корхонаи дару тирезасозӣ кор мекунанд.

Қаблан намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки 12 нафари онҳо таҳти назорати пизишкон ҳастанд.

Татяна Петрова, сардори хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Маскав, рӯзи 25-уми июн ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, “ҳама паҳлӯҳои ҳодиса санҷида мешавад.” Вале ӯ дақиқ нагуфтааст, ки касе дар ин ҳодиса гумонбар аст, ё не.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки баъд аз хӯрдани хӯроки шом дар ҷойи кор “шикамашон ба дард омад” ва “аз роҳ гаштан монданд”.

Ба дасти Радиои Озодӣ чанд навори кӯтоҳи видеоӣ расид, ки ҳолати чӣ гуна ба бемористон бурдани муҳоҷирони заҳролудшударо намоиш медиҳад. Дар яке аз ин видеоҳо муҳоҷирон дар пушти дари бемористон тасвир ёфтаанд. Баъзеи онҳо шиками худро дошта, дар замин нишастаанд ва дар назди баъзеашон сатили пластикӣ гузошта шудааст.

Муҳоҷирон мегӯянд, маҷбурӣ ҳар моҳ ба корхона чаҳор ҳазор рубл медиҳанд ва дар иваз хӯроки бесифат мегиранд.

Вале раиси корхонаи дару тирезасозӣ ба пизишкон гуфтааст, муҳоҷирон баъд аз хӯрдани харбуза ба ин ҳол афтодаанд.

Дар корхонаи дару тирезасозии шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, беш аз 200 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Даҳҳо муҳоҷир аз Узбекистон низ дар онҷо будаанд.

Дар солҳои 2014, 2016 ва 2017 низ гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия заҳролуд шуда буданд. Дар ҳодисаи соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург беш аз 30 муҳоҷири тоҷик баъд аз истеъмоли ғизои ошхона заҳролуд гардиданд.

Ҳарчанд мақомоти Русия дар ҳама ҳолат гуфтаанд, ки қазияҳоро ҷиддӣ таҳқиқ мекунанд, касе барои ба чунин ҳол овардани муҳоҷирон ҷавобгар нашудааст.

Ба ҳисобҳои гуногун аз 500 ҳазор то якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳо аз шароити кор ва шеваи бархӯрди корфармоён шикоят доранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG