Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Аз ошӯб дар зиндони Душанбе пешгирӣ кардаанд


Мақомот ҳудуди 20 маҳбуси зиндони рақами яки шаҳри Душанберо "барои омодагӣ ба ошӯб" айбдор кардаанд. Аммо санҷиши мустақилонаи ин иттилоъ ғайримумкин аст.

Нақшаи ин маҳбусон барои анҷоми ошӯб, ба гуфтаи мақомот, пас аз ҳодиса дар зиндони шаҳри Ваҳдат ва "дар натиҷаи тафтиши фарогир" ошкор ва аз амалӣ шудани он пешгирӣ шудааст. Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони Ваҳдат 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуданд.

Як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло 20 зиндонӣ дар боздоштгоҳи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбат ба онҳо тафтиш ҷараён дорад.

Ба қавли ӯ, ин гурӯҳи маҳбусон барои анҷоми як ошӯби монанд ба ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат омодагӣ медиданд. “Аз махфигоҳе дар дохили маҳбас оҳанпораҳо барои ҳамла мусодира шудааст. Ин гурӯҳ дар гузашта барои узвият дар созмонҳои тундрав ба солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифта буданд”, -- гуфт мусоҳиби мо.

Мақомот расман ҳодисаро тасдиқ ва ё рад накардаанд. Ба зангҳои ба такрори мо давоми чор рӯз, Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон посух надод, то дар бораи ин ҳодиса пурсем.

Аммо як манбаи дигари огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар зиндонҳои кишвар таҳқиқи мӯшикофона ҷараён дорад ва ҳадаф пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ошуб аст”.

“Дар маҳбаси рақами ҳафт низ гурӯҳе барои омодагӣ ба ошӯб гумонбар шудааст. Айби инҳо пурра тасдиқ нашудааст, вале муфаттишон мегӯянд, далел пайдо кардаанд. Ҳатто “амирон”-и гурӯҳ низ боздошт шудаанд”, -- гуфт ӯ.

Шахсияти ин зиндониён, ки гӯё ба ошӯб омодагӣ дидаанд, маълум нест. Тасдиқ ё инкори ин айб аз худи зиндониён ва ё пайвандони онҳо то ҳанӯз дастрас нашудааст.

Садҳо нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав зиндонӣ шудаанд. Ду ошӯби як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистонро кори аъзои гурӯҳҳои тундрав донистаанд. Моҳи октябри соли гузашта дар зиндони Хуҷанд ба асари як чунин ҳодиса, ки мақомот онро ошӯби гурӯҳҳои тундрав меноманд, 23 маҳбус ва ду нозири маҳбас кушта шуд. Ҳодисаи шаби 19-уми май, ки дар он чеҳраҳои шинохта низ кушта шуд, пурсарусадотар аз ҳодисаи зиндони Хуҷанд буд.

Дар ин ҳодиса дар баробари се нозири зиндон, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, чеҳраи шинохтаи ҷанги шаҳрвандӣ, Абдусаттор Каримов, узви ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов, рӯҳонии шинохта бо номи “Шайх Темур” низ кушта шуд.

Мухолифини тоҷик, ки аксаран дар хориҷа қарор доранд, фарзияи мақомот дар бораи ҳодисаро зери шубҳа қарор доданд ва иддао карданд, ки ошӯб баҳонае барои аз миён бурдани чеҳраҳои шинохта роҳандозӣ шудааст. Иддаое, ки мақомоти тоҷик онро дурӯғу бофта медонанд.

Феълан, мухолифини тоҷик мегӯянд, аз вазъи аъзои зиндонияшон нигаронанд. Абдусаттор Бобоев, раҳбари “Кумитаи шаҳрвандӣ, наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ” - созмони наздик ба мухолифини тоҷик дар Аврупо мегӯяд, талаби нахусти онҳо озодии зиндониёнест, ки бо парвандаҳои сохта зиндонӣ шудаанд ва ба ҷонашон дар зиндон хатар таҳдид мекунад.

“Дар Тоҷикистон барои таҳдиди хатар низомиёни зиндониро дар маҳбаси алоҳида нигоҳ медоранд. Вақте ки ҳукумат мегӯяд, ин кори ДИИШ аст ва ба дигар зиндониён хатар доранд, чаро онҳоро аз дигар зиндониён ҷудо намекунад? Инҳо ҳатман бояд ҷудо бошанд”, -- гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар Бобоев мегӯяд, онҳое, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДИИШ зиндонианд, ҳеҷ кадом таҷрибаи қатлу куштор дар кишварҳои Ховари Миёнаро надоранд. Аксари онҳо барои пайравӣ аз ақидаҳои ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё аз роҳи сафар ба Сурия боздошт шудаанд. Аз ин рӯ, ба қавли Абдусаттор Бобоев, бо чунин шева анҷом додани қатлу куштор бо дасти ин гурӯҳ зиндониён машкук аст.

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, ки дар гузашта бо аъзои гурӯҳҳои тундрав дар зиндон сӯҳбат кардааст, ба андешаҳои Абдусатор Бобоев розӣ нест. Ӯ мегӯяд, сарони гурӯҳҳои ошубгар дар зиндон нафароне ҳастанд, ки таҷрибаи ҷангӣ дар кишварҳои ҷангзадаро доранд.

“Онҳое ба ошуб даст мезананд, ки бо мӯҳлатҳои тӯлонӣ, мисли 20-25 сол зиндонӣ шудаанд. Нисбат ба онҳо ҳеҷ гуна афв татбиқ намешавад ва медонанд, ки ягон ангеза барои зистан дар зиндон надоранд. Аз ин рӯ, огоҳона, мисле ки зери ақидаҳои ҷиҳодӣ худкушӣ мекунанд,” -- гуфт Рустам Азизӣ.

Масъулияти ду ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистонро гурӯҳи тундрави ДИИШ бар дӯш гирифт. Мақомот дар ошӯби аввал кори дасти ДИИШ будани ошӯбро рад карданд, вале аз рӯзи аввал ошӯби зиндони Ваҳдатро кори ин гурӯҳ хонданд.

Рустам Азизӣ мегӯяд, “агар ДИИШ масъулиятро бар дӯш гирифт ин маънои онро надорад, ки террорист ҳатман дастпарвардаи низоми идеологии ДИИШ аст.”

Ба гуфтаи ӯ, иддаи зиёде аз гуруӯҳҳои хурду бузурги тундрав бо ном ва таъриху ҷуғрофияи гуногун, ки баъзеашон таърих ва собиқаи хеле пештар аз созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро низ доштанд, ба ин созмон пайвастанд. “Пайвастани онҳо танҳо дар шакли байъат ба сарварони ин созмон буда, кӯшише барои бештар матраҳ шудан дар фазои иттилоотӣ ва як нав истифода аз "бренд"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аст”, -- гуфт Азизӣ.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, наздики ду ҳазори онҳо нафароне ҳастанд, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ба муҳлатҳои гуногун ҳукм гирифтаанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, мақомот бо зиндонӣ кардани пайравони гурӯҳҳои тундрав ба истилоҳ "аз дарди сар" халос шуданӣ буданд, вале ба мушкили ҷиддитаре дар дохили зиндонҳо рӯ ба рӯ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG