Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман ислоҳ шудам". Номаи Гулнора Каримова аз зиндон


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ки дар зиндон адои ҷазо мекунад, аз президент Шавкат Мирзиёев хостааст, нисбат ба ӯ раҳм кунад. Вай дар номае гуфтааст, вазъи саломатиаш хуб нест.

Муроҷиати Гулнора Каримоваро духтараш Имон Каримова дар саҳифаи худ дар "Инстаграм" чоп кард. Каримова дар муроҷиати худ гуфтааст, дороиҳояшро гирифтанд ва ӯ барои дар чунин шароит афтодани худу фарзандонаш аз касе шикоят нахоҳад кард.

"Мехоҳам эълон кунам, барои ёддошт, то кунун дороиҳое, ки дар ҳудуди Узбекистон танҳо ба ман тааллуқ доштанд аллакай аз ихтиёри ман гирифта шудаанд ва ба нафъи будҷаи ҷумҳурӣ кор мекунанд. Инро натиҷаи чандин таҳқиқоти дохилӣ тасдиқ кардааст ва ин маблағи беш аз 1,2 милилард доллар аст."

Вай ҳамчунин гуфтааст, дар ҳисобҳояш дар хориҷа пул дорад, ки барои соҳибӣ ба онҳо низ даъво намекунад. "Дар ҳоли ҳозир маро вазъи саломатиям нигарон кардааст. Бояд ду ҷарроҳиро аз сар гузаронам ва ин вазъият маҷбур кард, то ба президент муроҷиат намоям”, -- навиштааст ӯ.

Грегуар Манже, вакили швейтсарии Гулнора Каримова, низ дар Твиттер навишт, вазъи саломати зерҳимояаш бад шудааст ва ба ӯ кумаки пизишкӣ намерасонанд.

Манжа баъди боздид бо нафари таҳти ҳимояташ дар зиндони Зангиота дар "Твиттер" навишт, “муштарии ман ҳолати бад дорад. Фишораш – баланд. Як пояш комилан печонида шудааст. Ҳеч табобат намегирад. Ман аз давлат суоли соддае дорам: чаро ва то кай? Ин худсариро бас кунед."

Каримова дар зиндони занонаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд давраи ҷазоро паси сар мекунад. Ӯро моҳи марти имсол аз ҳабси хонагӣ ба онҷо кӯчонданд.

Соли 2015 нисбат ба Гулнора Каримова дар Шветсия, Швейтсария ва Амрико парвандаи ҷиноӣ боз ва он вақт духтари раиси ҷумҳури Узбекистонро ба азхудкунии тақрибан як миллиард доллар айбдор карданд.

Гулнора Каримова моҳи декабри соли 2017 дар Узбекистон бо ҷурми сӯиистифодаи молӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дертар ҳукми ӯро то панҷ сол ҳабси хонагӣ кам карданд. Вале моҳи март бо ҷурми поймол намудани қоидаҳои ҳабси хонагӣ ба зиндон андохтанд.

XS
SM
MD
LG