Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: Ҳукуматҳои саркӯбгар бисёре аз озодиҳои мардумро гирифтаанд


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико

Вазорати корҳои хориҷии Амрико имсол Тоҷикстонро дар гурӯҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ва дар қатори давлатҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ ҷой додааст. Ба ин гурӯҳ Эрону Русия ва Чину Бирма шомиланд.

Вале мақомоти Тоҷикистон бо чунин баҳогузорӣ розӣ нестанд. Ахиран як гурӯҳ аз вакилони тоҷик аз Конгресси Амрико хостанд, ки дидгоҳи худро дар бораи озодиҳои динӣ дар кишвар тағйир диҳанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико гузориши нави худро дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар соли 2018 дар ҷаҳон рӯзи 21-уми июн муаррифӣ кард.

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар суханронии худ баъзе аз ҳукуматҳоро ба саркӯби ақаллиятҳои динӣ муттаҳам намуд ва гуфт: "Соли 2018 аз назари озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон матлуб набуд ва ҳукуматҳои саркӯбгар ва гурӯҳҳои хушунатталаб бисёре аз озодиҳои мардумро гирифтанд... Вале Иёлоти Муттаҳида шоҳиди амали ҳамаи онҳост ва бояд посухгӯ бошанд."

Сипас Помпео ба шумурдани кишварҳое пардохт, ки ба гуфтаи ӯ, поймолкунандаи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон ҳастанд. Вай афзуд, "саркӯби баҳоиён, масеҳиён ва ақаллиятҳои дигари динӣ дар Эрон ҳамчунон виҷдонҳоро ба дард меорад."

Русияву Чин ва Бирма низ аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки Помпео мисол овард ва ҳукумати онҳоро ба саркӯби шаҳрвандони худ ба хотири боварҳои диниашон муттаҳам кард. Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, "дар Русия пайравони “Шоҳидони Яҳво” саркӯб мешаванд. Ба онҳо бе ягон сабаб лақаби “террорист”-ро додаанд. Дар Бирма мусалмонони Роҳинҷа ҳамчунон таҳти хушунати низомиён ҳастанд. Дар Чин саркӯб ва таъқиби диндорон, аз ҷумла мусалмонону масеҳиён идома дорад."

Помпео гуфт, "ҳизби коммунисти Чин аз замони ташкил шудан бо ҳамагуна ҷараёнҳои динӣ дар ҷанг аст ва мехоҳад, ҳизбро Худо ном баранд”.

"Ман имкон доштам, ки дар ин ҷо бо чанде аз ӯйғурҳои Чин мулоқот кунам, вале бисёре аз онҳо имкони баёни қиссаҳои воқеии худро наоранд", -- афзуд ӯ.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар баробари нигарониҳо аз вазъи бади озодиҳои динӣ дар ҷаҳон, хабарҳои хуб ҳам дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки Узбекистон баъд аз сездаҳ сол аз феҳрасти кишварҳои мавриди нигаронии хос берун карда шудааст. Соли гузашта ҳукумати Узбекистон якуним ҳазор афроди мазҳабиро аз зиндон озод кард ва номи 16 ҳазор тани дигарро аз "листи сиёҳ" берун овард.

XS
SM
MD
LG