Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Гурҷистон назди бинои порлумон дигарбора гирдиҳамоӣ мекунанд


Даҳҳо нафар дар эътирозҳои рӯзи 20 июн дар Тбилиси захмӣ шуданд.
Даҳҳо нафар дар эътирозҳои рӯзи 20 июн дар Тбилиси захмӣ шуданд.

Мухолифони Гурҷистон гирдиҳамоии наверо дар назди бинои порлумони ин кишвар дар шаҳри Тифлис ташкил хоҳанд кард. Шаби панҷшанбе ба ҷумъа пулис гирдиҳамоии зиддирусиягӣ ва зиддиҳукуматиро пароканда кард.

Ҳангоми пароканда кардани гирдиҳамоӣ пулис аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурд, ки дар натиҷа 69 кас маҷруҳ шуд.

Роҳбарони мухолифин ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки истеъфои фаврии раиси порлумон Ираклӣ Кобахидзе, вазири корҳои дохилӣ Георгий Гахариро талаб доранд.

Бегоҳи рӯзи панҷшанбе наздики даҳ ҳазор одам дар назди бинои порлумони Гурҷистон ҷамъ шуданд. Ба эътирози сокинон иштироки вакили порлумони Русия Сергей Гаврилов дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонии ду кишвар сабаб шуд.

Сергей Гаврилов пеш аз сафари худ ба Гурҷистон гуфт, аз эътирофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия ҷонибдорӣ мекунад.

Баъди пароканда кардани гирдиҳамоии назди бинои порлумон, эътирозгарон идораи ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ - Гурҷистони демократӣ"-ро дар шаҳри Тифлис хароб карданд.

XS
SM
MD
LG