Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯдаки бегонаро дафн кардем." Ҷанҷоли марги панҷ навзод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Марги панҷ навзод дар як рӯз дар таваллудхонаи вилояти Самарқанд ҷанҷол барангехт. Ҳодиса дар моҳи феврали имсол рух додааст, вале баъд аз анҷоми озмоиши ДНК-и кӯдакон ҷиддӣ шуд. Ташхис чаҳор моҳ идома кардааст.

Пизишкон рӯзи 28-уми феврали имсол ба Гулҷаҳон Каримова, сокини 21-солаи Самарқанд, ҷасади тифлеро дода, гуфтаанд, ки кӯдакаш фавтид. Вале ба қавли наздикони ин зан, озмоиши ДНК муайян кард, ки ҷасад фарзанди каси дигар аст.

"Вақти шустани ҷасад дидем, ки ӯ писар аст. Зуд ба беморхона рафта, гуфтем, ки Шумо гуфтед, кӯдак духтар аст, вале ҷасади писарро додед. Табибон гуфтанд, "хайр, чӣ шудааст, ҳозир менависем, ки писар буд", -- нақл кардааст Гуландом Каримова, модари Гулҷаҳон, рӯзи 19-уми июн ба бахши узбекии Радиои Озодӣ.

Каримова афзудааст, онҳо аз пайи озмоиш ё ташхиси ДНК-и кӯдак шуданд ва пас аз чаҳор моҳ ҷавоби онро гирифтанд.Ӯ афзуд: "Маълум шуд, ки кӯдак сад дар сад аз мо нест ва мо як кӯдаки бегонаро дафн кардаем. Ё кормандони таваллудхона махсус тифли моро бо кӯдаки мурда иваз карда, ба каси дигар додаанд, ё ҷасади кӯдаконро иваз намудаанд. Агар ҷасади тифли фавтидаи моро ба каси дигар додаанд, он гоҳ чӣ мекунем? Қабри ӯро дар куҷо ҷустуҷӯ кунем?"

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар зоишгоҳи вилоятии Самарқанд аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли равон 37 кӯдак таваллуд шудааст. "Панҷ тани онҳо бо сабабҳои гуногун фавтидаанд", -- омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Сабабҳои маргумири навзодон гуфта намешавад. Намояндаи Раёсати тандурустии Самарқанд гуфт, дар ин бора хабар надоранд.

Бино ба гузориши ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар солли 2017 дар Узбекистон аз ҳазор тифл 20 нафари онҳо фавтидаанд. Ин ба маъноест, ки аз ҳар панҷоҳ навзод яке аз онҳо мемиранд.

Вале дар Додситонии кулли Узбекистон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар мавриди эҳтимоли иваз шудани навзодон дар таваллудхонаи Самарқанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва гуруҳи махсус таҳқиқотро пеш мебарад.

Ин ҳодиса дар ҳоле доғ шудааст, ки моҳҳои охир чанд ҳодисаи хариду фурӯши кӯдакон дар таваллудхонаҳои Узбекистон сабт шудааст. Аз ҷумла, моҳи апрел додситонии Янгиюли вилояти Тошканд харидуфурӯши навзодро дар таваллудхонаи маҳаллӣ ошкор кард.

Ба яке аз сокинони Янгиюл гуфтаанд, ки кӯдакаш рӯзи якуми апрел таваллуд шуду даргузашт. Вале навзодро ба зани дигар ба маблағи сад доллар фурӯхтаанд.

Моҳи феврали имсол дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм як корманди таваллудхонаро барои қасди фурӯхтани кӯдак дар ивази 200 доллар дастгир карданд.

Ҳамонгуна ки омбудсмени Узбекистон Улуғбек Муҳаммадиев охири соли гузашта гуфт, аз соли 2010 то 2018 беш аз сад навзод дар ин кишвар харидуфурӯш шудаанд.

XS
SM
MD
LG