Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе эъломияи зидди ҷудоихоҳӣ ва тағйири ҳукуматҳо қабул шуд. ВИДЕО, АКС


Нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 15-уми июн бо қабули эъломия дар Душанбе ба поён расид.

Cарони кишварҳои Осиё дар эъломияи иборат аз 49 банд ваъда додаанд, ки дар қаламрави якдигар ба ҳаракатҳои ҷудоиталабӣ роҳ нахоҳанд дод. Дар эъломия гуфта шудааст, “ҷудоиталабӣ ба истиқлол, ягонагӣ, тамомияти арзӣ, амният ва суботи кишварҳо хатар дорад”.

“Мо қасд надорем, ки ягон гуруҳ ё сохтори ҷудоиталабро дар ҳудуди кишвари дигари узв ҳимоят кунем ва ё бо ҷудоиталабон иртибот барқарор намоем”, -- гуфта шудааст дар санад.

Иштирокдорони нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Душанбе ҳамчунин гуфтаанд, зидди таҳримҳои якҷониба ҳастанд ва аз усули дахолат накардан ба кори дохилӣ ва берунии кишварҳо “пурра ҳимоят мекунанд”.

“Мо тасдиқ мекунем, ки ҳеч кишвар ё гуруҳи кишварҳо ҳақ надоранд, мустақим ё ғайримустақим бо кадом сабабе набошад ба корҳои дохилӣ ва берунии кишвари дигар, аз ҷумла тағйири ҳукумати қонунӣ, дахолат кунанд”, -- омадааст дар эъломия.

Ин эъломияро ҳамаи кишварҳои узв, аз ҷумла Русия, пазируфтаанд. Дар ҳоле ки Русия баъд аз соли 2014 дар пайи ишғоли нимҷазираи Қрим, инчунин, барои пуштибонӣ аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина муттаҳам мешавад. Худи Русия ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст.

Вале ҷониби Исроил се банди ин эъломияро, ки марбут ба Фаластину Эрон аст, қабул накардааст.

Ҷаласаи сарони кишварҳои Осиё дар Душанбе ба анҷом расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Бархе аз коршиносон дар Тоҷикистон Машварати ҳамкорӣ ва табдирҳои бовариро ба САҲА-и осиёӣ шабоҳат доданд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо дар қораи Осиё масоили зиёде вуҷуд дорад ва барои ҳалли онҳо бояд созмоне бо “менталитети осиёӣ” даст ба кор шавад.

Рустам Ҳайдаров, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа дар Тоҷикистон гуфт, “фикр мекунам, ҳамоиши имрӯзи ин созмон дар Душанбе идомаи талошҳо аз солҳои 90-ум барои таъсиси ба истилоҳ ОБСЕ-и осиёӣ аст. Он воқеан барои мардуми Осиё зарурист.”

Бархеи дигар гуфтанд, ин созмон чандон барҷаста нест ва дар ҳалли масъалаҳо дасти кӯтоҳ дорад, вале минбаре барои баёни амвқеи кишварҳост. Амният Абдулназаров, коршиноси тоҷик гуфт, “ба назари ман, ин созмон ба андозаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой нуфуз надорад, ки масъалаи муҳими дохилиии марбут ба кишварҳои узвро ҳал бикунад. Инҷо ду кишвари абарқудрат Русия ва Чин, ки таҳти фишори Амрико ва кишварҳои Ғарб қарор гирифтаанд, мехоҳанд ин минтақаро аз даст надиҳанд ва ба ҳамин хотир кишварҳои хурдро дар гирдашон ҷамъ меоранд. Яъне, ба хотири ҳимояти худ ва барои коҳиш додани фишорҳо ин кишварҳои кӯчакро ҷамъ овардаанд.”

Коршиноси дигари тоҷик Шодавлат Шонусайриев чандон комёб набудани ин созмонро ба мавқеҳои гуногун ва баҳсҳои дохилии кишварҳои узви он рабт медиҳад. “Масъалаҳои зиёди минтақавӣ ҷой доранд, аз ҷумла миёни кишварҳои Осиёи Миёна баҳсҳои марзӣ идома дорад. Масалан, мушкили байни Узбекистону Тоҷикистон чанд даҳсола идома кард, вале ҳеч созмон барои ҳалли он талош накард. Танҳо баъди иваз шудани раҳбари ин кишвар масъалаҳо бидуни мусоидати кадом тараф ҳалли худро ёфтанд”, -- афзуд ӯ.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чаҳор сол як дафъа баргузор мешавад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Чин доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG