Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Дар ҷаҳон ҷангҳои воқеии тиҷоратӣ сар мезананд. ВИДЕО, АКС


Нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки раҳбарону намояндагони 27 кишвар, аз ҷумла президентҳои Русияву Эрон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон дар "Кохи Наврӯз"-и Душанбе баргузор шуд.

Тоҷикистон дар ин ҷаласа баъди раёсати давраии ин созмонро ба ӯҳда гирифт. Пеш аз ин Чин раҳбари давраии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар суханронии худ дар оғози нишаст тағйироти иқлим дар саросари ҷаҳон ва минтақаро нигаронии хеле ҷиддӣ номид ва гуфт, дар давоми 40 соли гузашта дар кишвар беш аз ҳазор пирях об шуда, ба вазъи иқлим, иқтисод, гидроэнержӣ ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мегузорад. Ӯ аз иштирокдорони ҷаласа даъват кард, барои муқобила бо паёмадҳои гармоиши иқлим талошҳо ба харҷ диҳанд.

Аз Сурия то "муҳорибаи бидуни қоида"

Владимир Путин, президенти Русия, дар суханронии худ гуфт, бо талошҳои ин кишвар қисми зиёди қаламрави Сурия зери назари ҳукумати Башор Асад баргардонда шудааст. “Боздеҳи амалиро ҳамоҳангсозии (фаъолиятҳо) миёни Русия, Эрон ва Туркия дар чаҳорчӯби мувофиқаҳои Остона дорад. Мо дар ҷараёни (сулҳи) Сурия муштаракан ба пешрафт даст меёбем”. Ӯ гуфт, ки навсозиҳои сиёсӣ дар Сурия хеле муҳим аст.

Путин ба таври ҷудогона ба мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон ҳам муроҷиат кард, ки баъди хуруҷи Амрико аз созиши соли 2015, дучори бӯҳрон шудааст. Амрико, ки Эронро дар бесуботсозии вазъи Ховари Миёна айбдор мекунад, тирамоҳи соли 2018 таҳримҳои иқтисодӣ зидди Теҳронро дубора ҷорӣ кард. Эрон ҳама гуна хилофкориҳоро рад мекунад.


Русияву Чин аз муттафиқони Эрон дар созиши ҳастаӣ ба шумор мераванд ва дар ҷаласаи Душанбе ҳам Путин ба ин мавзӯъ муроҷиат кард ва гуфт: “Берун рафтани Амрико аз ин созиш иҷрои ин мувофиқаҳо (созиши ҳастаии соли 2015-и қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон)-ро хеле мушкил кард. Ин ҳолат дар вазъи умумии муқаррароти ҷилавгирӣ аз тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣтаъсири манфӣ мегузорад. Ба назари мо, танҳо роҳи оқилона ин аст, ки иштирокдорони ин созиш иҷрои ӯҳдадориҳои худро идома диҳанд. Русия ҳамингуна ҳам амал хоҳад кард”.

Путин дар идома бори дигар гуфт, дар робита бо бӯҳрони нимҷазираи Корея ҷонибдори ҳалли дипломативу мусолиҳатомези масъала мебошад. “Роҳи дипломатӣ ҳеҷ гузинаи дигаре надорад”, -- гуфт ӯ.

Раҳбари Русия инчунин дар бораи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ сӯҳбат кард ва гуфт, бояд дар баробари мушаххас шудани созмону гурӯҳҳои террористӣ, манбаъҳои маблағгузории терроризм, аз ҷумла маводи мухаддир, таблиғи экстремизм ва сӯиистифода аз фанновариҳои интернетӣ ҷилавгирӣ шавад.

Путин қораи Осиёро як қаламрави пешравандаи иқтисодиву саноатии сайёра номид ва гуфт: “Мо ба ҷонибдории тиҷорати муштарак, роҳ надодан ба протексионизм, таҳримҳои ғайриқонунӣ ва маҳдудияту саддҳои сиёсӣбаромад мекунем.”

“Дар ҷаҳон ҷангҳои воқеии тиҷоратӣ сар мезананд, мутаассифона. Тарс додану бо шеваҳои ғайритиҷоратӣ дур кардани рақибон (аз бозор), амалан муҳорибаҳои бидуни қоидаро мемонад. Ҳоло талошҳои муштараки мо ба хотири пайдо кардани роҳҳали ин вазъият аз гузашта бештар зарур мебошад”, -- гуфт Путин.

Ҷинпин: Дар қораи Осиё бояд фазои нави эътимод эҷод шавад

Сӣ Ҷинпин, президенти Чин, гуфт, дар қораи Осиё бояд "фазои нави эътимод" эҷод шавад, ки дар он эҳтиром ба манфиат, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар кишвар муҳим мебошад."

Ҷинпин дар суханронии худ гуфт, Чин ҷонибдори тақвияти "консепсияи сулҳи давомдор" ва аз роҳи дипломатия ва муколама ҳал шудани низоъҳо мебошад. "Мо бояд тарҳи нави амнияти минтақавиро бо назардошти ҳунари меъмории осиёӣ бунёд кунем", -- гуфт ӯ.

Дар суханронии худ Ҷинпин ба фосилагирӣ аз "протексионизм" даъват кард.

Рӯҳонӣ: Ховари Миёна бесуботтарин минтақаи ҷаҳон шудааст

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар суханронии худ бештар ба вазъ дар Ховари Миёна таъкид кард. Вай гуфт, “мудохилаи хориҷии баъзе аз қудратҳо, сиёсатҳои қаҳромези якҷонибагароёна, терроризму ифротигарӣ, паймоншиканӣ ва қонунгурезӣ” Ховари Миёнаро ба яке аз буҳронитарин ва бесуботтарин минтақаи ҷаҳон табдил кардааст.

Рӯҳонӣ ба масъалаи созиши ҳастаӣ низ дахл кард ва гуфт, бо вуҷуди хуруҷи Амрико аз ин қарордод ва азсаргирии таҳримҳои зидди Теҳрон “муътақидем, анҷоми тааҳҳудоти пазируфташудаи тарафҳои зирабт нақши муҳиме дар афзоиши суботи минтақаи ва ҷаҳон ифо хоҳад кард”.

“Бадеҳист, ки Эрон ба сурати яктарафа наметавонад ҷониби мутааҳид ба созиши ҳастаӣ боқӣ монад. Балки соири кишварҳоро низ лозим аст, саҳми худро барои ҳифзи созиши ҳастаӣ пардозанд. Эрон тасмим гирифт, тибқи бандҳои 26 ва 36-и қарордод иҷрои тааҳудоти худро барои эҷоди тавозун дар ин тавофуқ коҳиш диҳад. Дар сурати адами дарёфти посухи мусбат ба ночор иқдомоти бештаре анҷом хоҳад дод”, -- афзуд ӯ.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, созиши ҳастаии соли 2015 бо Эронро ноқис донист ва кишварашро аз он берун кард.

Тоҷикистон бори аввал мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шудааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё, аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чаҳор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда буд.

Зиёфати раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар Варзоб:

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG