Рӯҳонӣ гуфт, "давлати Амрико тайи ду соли гузашта бо истифодаи абзорӣ аз зарфияти иқтисодӣ, молӣ ва низомии худ ва бо эҷоди рӯйкарди таҳоҷумӣ, ҳамаи сохторҳо ва қавоиди байналмилалиро барҳам зада, ба таҳдиди ҷиддӣ барои суботи минтақаву ҷаҳон табдил шудааст".
Изҳороти Рӯҳонӣ як рӯз баъди он садо дод, ки вазири умури хориҷии ИМА Майк Помпео Эронро дар ҳамла ба киштиҳои нафткаши Ҷопон ва Норвегия дар халиҷи Уммон муттаҳам донист ва гуфт, ки ин киштиҳоро нерӯҳои дарёии Амрико ҳамроҳӣ мекарданд.
Оқои Помпео рӯзи 13-уми июн дар Вашингтон гуфт, "арзёбии ҳукумати ИМА ин аст, ки масъулияти ҳамлаи имрӯза дар Баҳри Уммон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ин арзёбӣ бар асоси маълумоти истихборотӣ, силоҳи истифодашуда ва таҳқиқи амалиёти ҳамсони эрониҳо ба киштиҳо дар гузаштаи наздик ба даст омадааст ва ҳеҷ гурӯҳи дигаре зарфият ва тавони анҷоми чунин як амалиётро надорад".
Инчунин низомиёни амрикоӣ як видеоро нашр карданд, ки дар он аъзои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ савори як киштии дидбонӣ баъди таркише аз дохили як киштӣ минаи нотаркидаро мегиранд.
Эрон ҳама гуна иртибот бо ин ҳамларо рад кардааст. Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон иттиҳомоти садододаро "ҳушдордиҳанда" номид ва гуфт, ки "дар як ҳодисаи машкук ва нохушоянд гунаҳгор кардани Эрон як роҳи хеле муносиб барои Помпео ва дигар мақомоти амрикоӣ мебошад".
Дар суханронии худ дар Бишкек Ҳасани Рӯҳонӣ аз ҳодисаи 13-уми июн дар Баҳри Уммон ёдовар нашуд. Вале ӯ ба раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гуфт, ки ҳукумати Доналд Трамп барои "якҷонибагароӣ" масъул аст, ки аз гузашта бештар ҷомеаи ҷаҳониро ба чолиш кашидааст.
Бо ишора ба қарори Трамп барои берун рафтан аз созиши ҳастаӣ, Рӯҳонӣ таъкид кард, ки Эрон ба иҷрои ӯҳдадориҳояш аз рӯи ин санад идома медиҳад. Ва аз ширкатдорони дигари созиши ҳастаӣ хост, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои худ дар ин созишнома амал кунанд.
Дар ҳамин ҳол, матбуоти расмии чинӣ аз қавли Сӣ Ҷинпин, президенти Чин гуфт, ки дар ҳошияи нишаст сарони СҲМ, ӯ дар мулоқот ба раҳбари Эрон гуфтааст, ки Пекин ҳамкориаш бо Теҳронро новобаста ба тағйирот дар саҳнаи байналмилалӣ, идома медиҳад.
Чину Эрон дар масоили энержӣ ҳамкориҳои наздик доранд ва Пекин аз таҳдидҳои ИМА ба хашм омад, ки алайҳи кишвару ширкатҳои нақзкунандаи таҳримҳои Амрико ва содиркунандаи нафти Эрон таҳрим ҷорӣ кард.
Дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек раҳбарони Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон ҷамъ омадаанд. Раҳбарони Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ҷаласа ба унвони кишварҳои нозир иштирок мекунанд.
Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия гуфт, ки нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин созмон тамаркуз карда, дар ҷаласа масоили мисли амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, рушди иқтисодӣ, саноат ва ҳамкориҳои башарӣ, баррасӣ мешаванд.
Президенти Русия Владимир Путин дар ин ҷаласа гуфт, ки шонси муносиби ба ҳам овардани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ташаббуси чинии "Як камарбанд - як роҳ" фаро расидааст, то ки, ба гуфтаи Путин, "ҳамкориҳои густардаи авруосиёӣ" ба хотири "ҳамкориҳои бозу баробар ва эҷодкорона дар минтақа", роҳандозӣ шавад.
Баррасии вазъ дар Афғонистон яке дигар аз масоили ҷаласаи СҲШ мебошад. Дар идомаи рӯз қарор аст Путин дар мулоқоти сегона бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин ва президенти Муғулистон Халтмаагин Баттулга ҳам иштирок кунад.
Рӯзи 13-уми июн дар мулоқот бо президенти Чин раҳбари Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков пуштибонии кишварашро баён кард ва гуфт, ки ҳамоишёбии қирғизҳои Чин бо дигар мусалмонони бумии қисмати шимолу ғарбии вилояти Шинҷони Чин "кори дохилӣ"-и ин кишвар аст.
Баъди хатми ин нишаст дар Бишкек қарор аст Владимир Путин, Сӣ Ҷинпин, сарони Осиёи Марказӣ ва раҳбарони даҳҳо дигар кишварҳо ба Душанбеи ҳамсоя бо ҳадафи ширкат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё парвоз кунанд.