Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои умедворкунанда, вале ношаффофи Чин


Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин

Бастаи қарзҳое, ки Чин ба шариконаш медиҳад, маъмулан назар ба он чи ки расман эълон мешавад, баландтар буда, дар забони коршиносони байналмилалӣ бо истилоҳи "қарзҳои пинҳонӣ" ёд мешавад.

Коршиносони байналмилалӣ охири моҳи майи имсол дар як нишаст дар Сингапур гуфтанд, ҳаҷми "қарзҳои пинҳонӣ"-и Чин дар баъзе ҳолатҳо то 50 дарсад аз ҳаҷми қарзҳои расмӣ зиёдтар аст. Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки барномаи пурдабдабаи иқтисодиву инфрасохтории ҳамкор бо беш аз 60 кишвар мебошад, як омили пайдо шудани муомилаҳои пинҳонии Пекин бо қарздиҳандаҳояш шудааст.

Кармен Рейнҳарт, профессори донишгоҳи Ҳарвард ва собиқ корманди Бонки Ҷаҳонӣ, ки сомонаи CNBC аз ӯ иқтибос овардааст, аз набуди шаффофият ва хатари қарзҳои пинҳонии Чин ҳушдор додааст. Вай гуфтааст, "бо афзоиши мавқеи Чин ба унвони як кишвари қарздиҳанда, пайомадҳои ба доми ин қарзҳо афтодани кишварҳо ва шаҳрвандони онҳо афзоиш меёбад".

Рейнҳарт афзудааст, "қарзҳои пинҳонии Чин ба ҳеч созмоне ба монанди Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ гузориш намешавад."

Таҳлилгарон мегӯянд, пинҳон кардани ҳаҷми воқеии қарзҳо ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ барои мӯътадил кардани вазъи иқтисоди кишварҳои дучори мушкил халал мерасонад. Кармен Рейнҳарт гуфтааст, аз соли 2011 тақдими қарзҳои пинҳонии Чин ба Шри-Ланка, Украина, Венесуэла, Эквадор, Бангладеш ва Куба мушоҳида шудааст.

Ба қавли профессори улуми иқтисодӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ амалан танҳо аз нисфи қарзҳои воқеии ин кишварҳо огоҳанду бас. Чунин ҳолат боис ба эҷоди нобасомониҳои иқтисодӣ дар ин кишварҳо мешавад ва дар натиҷа, давлат мизони андозро боло бурда, аз ҳисоби аҳолӣ пули қарзро ҷамъ мекунад.

Қарзҳои ҳангуфту ғайри қобили пардохт боиси дар соли 2017 ба дасти Чин гузаштани як бандари муҳими обӣ дар Шри-Ланка шуд. Расман гуфта шуд, ки Чин ин бандарро ба мӯҳлати 99 сол ба иҷора гирифтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, аксари ин қарзҳо тавассути барномаи пурдабдабаи "Як камарбанд – як роҳ" дода шудааст, ки Тоҷикистон ҳам як бахши ин тарҳи азим дар шоҳроҳи Абрешим аст.

Ташаббуси мазкур соли 2013 аз тарафи раиси ҷумҳури Чин - Сӣ Ҷинпин муаррифӣ шуд ва ҳадафи он пешбурди манфиатҳои тиҷоратӣ, зербиноӣ ва сармоягузории кишварҳои шарики Чин гуфта мешавад. Тахминан 65 кишвар дар Осиёву Африқо ва Аврупо тавассути роҳҳои заминиву обӣ мисли як камарбанд узви ин барнома мебошанд. Сомонаи CNBC навишт, тарҳи мазкур ба 62 дарсади аҳолии сайёра ва 75 дарсади захираҳои расман эълоншудаи энержии ҷаҳон равона шудааст.

Тибқи ҳисобҳои мухталиф, харҷи ин тарҳ аз 1 то 8 триллион долларро ташкил хоҳад дод.

Президенти Чин - Сӣ Ҷинпин, ки муаллифи тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" аст, дар остонаи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, ки 15-уми июн барпо мешавад, ба ҳамкориҳои ду кишвар баҳои баланд дод ва гуфт, Чин ба ҳамкорӣ ба хотири эҷоди “ояндаи дурахшон” омода аст. Ҷинпин гуфтааст, Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-ро пуштибонӣ кард.

Сӣ Ҷинпин дар мақолае, ки рӯзи 12-уми июн дар вебсайти оҷонси давлатии “Ховар” нашр шуд, гуфт: "Чин ҳоло манбаи азимтарини сармоягузорӣ ва шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Дар чанд соли оянда тиҷорати дуҷонибаи мо, қарор аст, аз марзи 3 миллиард доллар гузарад."

Ин изҳороти раҳбари Чинро коршиносони мустақил ҳам тасдиқ мекунанд, вале хусусияти ин ҳамкориҳоро бо ибораҳои дигар шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, Чин аз қарздиҳандаҳои асосии Тоҷикистон буда, аз ҳаҷми умумии қарзҳои берунаи Тоҷикистон, ки то моҳи апрели имсол 2 миллиарду 915 миллион долларро ҳисоб шудааст, 80 дарсади он марбут ба ин кишвар аст.

Дар ҳоле ки коршиносон аз афзоиши ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд, Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, қарзи берунӣ аз тавони ин кишвар берун нест ва Душанбе қудрати баргардонидани онро дорад.

Дар бораи эҳтимоли вуҷуди муомилаҳои пинҳонии қарзии миёни Чину Тоҷикистон иттилое дар даст нест, вале дар як сафараш ба Чин моҳи июли соли гузашта раҳбари Сандуқи байналмилалии пул Кристиан Лагард аз афзоиши қарзи берунаи кишварҳои шомили тарҳи “Як камарбанд - як роҳ” ҳушдор дод. Вай гуфт, риски қарзи берунии Тоҷикистон "хеле баланд аст".

Яке аз тарҳҳои азими амалишуда бо қарзҳои Чин – бунёди шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аст, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимол ва бо марзҳои Узбекистон мепайвандад. Чин дар бунёди бинои комплекси ҳукуматии Тоҷикистон нақш дорад ва, дар маҷмӯъ, ба қавли президенти Чин, фаъолияти 300 ширкати мухталифи сохтмонию инфрасохториашро дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Яке дигар аз тарҳҳои азим – хатти барқи баландшиддати "Шимол-Ҷануб" мебошад.

Муомилаҳои қарзии Тоҷикистону Чинро таҳлилгари масоили иқтисодӣ Нур Сафаров "экспансияи қарзии Чин" тавсиф кард. Ба гуфтаи ӯ, Чин тавассути "Эксимбонк" (Export-Import Bank of China) аз соли 2006 то соли 2018 - 18 тарҳро дар ҳаҷми 2,9 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст. "Аз воқеият дур нест, ки бо сабаби ҳанӯз оғоз нашудани мӯҳлати пардохти баъзе қарзҳо, вазорати молия ҳаҷми куллии қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро зикр намекунад. Бар асоси ин, шояд Тоҷикистон дар баробари Чин назар ба он чи ки расман гуфта мешавад, бештар бидеҳкор аст", -- гуфт ӯ.

Ба андешаи ин таҳлилгар, масъалаи асосӣ – тарзи пардохт шудани қарзҳо, сарбории сангини онҳо ба буҷаи давлат ва таъсири он дар болоравии андози аҳолии Тоҷикистон мебошад. Ӯ мегӯяд, аз эҳтимол дур нест дар сафари давлатии Сӣ Ҷинпин ба Тоҷикистон дурнамои нави равобит ва ҳамкориҳои ду ҷониб мушаххас шавад, вале ба гуфтааш, "таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто Чин ҳам бояд аз Тоҷикистон шаффофият ва бозии одилона ва анҷоми ислоҳоти иқтисодиро талаб кунад."

Вале Абдуғанӣ Маҳмадазимов, ки ҳангоми баррасии ин мавзӯъ аз ҳодисаи ба ихтиёри Чин гузаштани бандари Шри-Ланка ёдовар шуд, гуфт, дар муомила бо Тоҷикистон Чин аз "ҳикмат ва фалсафаи дипломатии хос" кор мегирад. Ин сиёсатшинос ҳамоҳангсози маркази тадқиқотии осиёимиёнагии “Як камарбанд – як роҳ” аст.

Ӯ афзуд, Тоҷикистону Чин 495 километр марз доранд ва ҳамсоягии онҳо бо Афғонистон муқобила бо таҳдидҳои терроризму ифротгароии исломиро ҳамеша доғ нигоҳ медорад. Ба гуфтаи ин сиёсатшинос, барои Чини даргир бо ҷудоиталабони уйғур - Тоҷикистон ба унвони шарик ва сипари дигари зидди ин таҳдидҳо арзёбӣ мешавад.

"Аз ин рӯ, онҳо чун кумак нақби Шар-шарро бепул сохта доданд ва ҳоло барои бунёди комплекси ҳукуматӣ 236 миллион доллар грант доданд. Аз нуқтаи назари аврупоиҳо нигоҳ кунед, албатта, қарзи берунӣ ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расид, ин хатар дорад. Ин аз нуқтаи назари иқтисоди муосир дуруст аст, лекин аз нуқтаи назари геополитика ё дипломати хитоӣ, онҳо барои аз назари амниятӣ устувор будани Тоҷикистон манфиат доранд", -- шарҳ дод Маҳмадазимов.

Соли 2013 Тоҷикистон гуфт, аз 100 дарсад қитъаҳои баҳсии марзӣ бо Чин - 3,5 дарсади онро дар ихтиёри ин кишвари ҳамсоя гузошт, вале ин чиз мояи интиқодҳои зиёд шуд. Дар шарҳи ин тасмим ду сол баъд вазири вақти умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ин тасмим хато набуд ва баҳси статуси ин заминҳо, ки дар маҷмӯъ 28412 километри мураббаъро ташкил медиҳанд, аз замони Шӯравӣ идома дошт. Хабари ошкор шудани як отряди низомӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Чин ҳам, ки аз ҷониби "Вашингтон пост" соли ҷорӣ ошкор шуд, дубора баҳсҳоро дар заминаи эҳтимоли вуҷуди муомилаҳои пасипардаии ҳукуматҳои ду кишвар бедор кард.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, "дар даҳлези мо" ҷойгир шудани чиниҳо дар стратегияи геополитикии дур, дар фосилаи 50 соли оянда, метавонад мушкили ҷиддӣ эҷод кунад, вале ҳоло, ба андешаи ӯ, дар муомилаҳо бо Чин масъалаи мубориза бо фасод муҳимтар мебошад. Ӯ мегӯяд, Ҷинпин ва ҳукумати марказии Чин дар дохили кишвари худ бо фасоду мақомоти порахӯр муборизаи беамон мебаранд, вале дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ин меъёр зиёд риоя намешавад.

Ӯ гуфт: "Бисёр шартномаҳо шаффоф нест. Бисёр шартномаҳо дастрас нест, ки таҳлил кунем, оё ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон рост меояд ё на. Масалан, чорумин лӯлаи газе, ки аз Туркманистону Узбекистону Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Шартномаи онро дастрас карда наметавонем ва бо лӯлаи гази Боку-Тифлис-Ҷайҳун муқоиса карда наметавонем, ки чӣ хел аст. Бисёр корхонаҳояшон дар Тоҷикистон шаффоф нест. Ин аломати коррупсия аст."

Вале ин коршинос мегӯяд, паҳлуҳои мусбати ин ҳамкориҳоро намешавад нодида гирифт. Ба қавли ӯ, бо кумаки чиниҳо Тоҷикистон тавонист иртиботи бетанаффуси нақлиётии пойтахт бо шимолии кишварро таъмин кард ва шимолро бо барқ таъмин намуд. Ин ду омил ба талоши Тоҷикистон дар дастёбӣ ба истиқлоли мухобиротиву энержӣ мусоидат мекунад. "Мо ҳоло ҳам ба кумакҳои Чин ниёз дорем", - гуфт ӯ ва афзуд, "мо даст дароз намекунем, мо сарҳадро ҳимоя мекунем. Яъне, мо бо ҳимояи сарҳад (бо Афғонистон) на танҳо манфиати миллии худ ё манфиати кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ҳимоят мекунем, ҳатто амнияти миллии Чинро ҳам таъмин мекунем."

Рустам Бобоҷонов, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, "дар асл Чин касеро маҷбур намекунад, ки созишнома имзо кунанд. Барои мо дар ҷараёни таҳияи созишномаҳо шаффофият лозим аст ва ҳам ҷараёни қарзгирӣ бояд диверсификатсия ё гуногунсамта бошад. Мо бояд сармояҳои дохилиро бештар ҷалб кунем."

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳама гуна ҳамкориҳо бо шарикони берунӣ бояд дар тарозуи манфиату маҳрумиятҳои иқтисодиву сиёсӣ бар кашида шавад, то баъдан дар шакли қарзҳои сангину ҳангуфт, барои наслҳои баъдии кишвар, ки бори пардохти қарзҳо ба дӯши онҳо меафтад, ба як дардисар ё ҳатто хатар табдил наёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG