Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони натиҷаҳои интихоботи олуда бо кашмакашу боздошт дар Қазоқистон. ВИДЕО


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки аз ҷониби президенти худкомаи пешин Нурсултон Назарбоев моҳи март ба ин мақом пешниҳод шуд, дар интихоботи олуда ба боздошти садҳо нафар, дар интихоботи рӯзи якшанбе баранда эълон шуд.

Дар хулосаҳои нозирони интихоботии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфта шуд, ки интихобот "бидуни назардошти ҳуқуқи бунёдӣ, аз ҷумла ҳаққи мардум ба эътирози осоишта, нақзи қоидаҳои овоздиҳӣ ва намоиши беэҳтиромӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ" ҷараён гирифт.

Георгий Тсерители, раиси ҳайати нозирони САҲА дар нишасти матбуотии рӯзи 10-уми июн дар шаҳри Нурсултон гуфт, "бо вуҷуди фурсати кам барои омодагӣ, тайёрӣ ба баргузории интихобот хеле хуб буд. Рӯзи интихобот ҳама чиз ботартиб гузашт. Бо ин вуҷуд қонуншиканиҳои ҷиддӣ мушоҳида шуд, аз ҷумла, партофтани бастаҳои зиёди баргаҳо. Ин ба он маъност, ки ҳисоби дурусти баргаҳо, тавре ӯҳдадориҳои САҲА тақозо мекунад, замонат дода намешавад. Инчунин боздоштҳои сартосарии эътирозгарони осоишта дар рӯзи овоздиҳӣ дар шаҳрҳои калон мушоҳида шуд".

Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии Қазоқистон рӯзи 10-уми июн аз ҷониби Комиссиюни марказии интихоботҳо эълон шуд ва бар асоси он, Тоқаев 70,76 дарсад овоз гирифт. Ин нахустин интихоботи Қазоқистон бидуни ширкати Нурсултон Назарбоев буд ва дар он шахси нав баранда эълон шуд.

Журналисти собиқ ва рақиби интихоботии Тоқаев Амирҷон Қосанов бо 16,02 дар сади овозҳо мағлуб шуд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон, Қосанов мағлубияти худ дар интихоботро эътироф кард ва гуфт, ки агар "як оппозитсияи муттаҳид" ва "ҳизби калонтари сиёсӣ бо таҷрибаи бештар" вуҷуд медошт, ӯ натиҷаҳои беҳтар ба даст меовард.

Тоқаев амалан моҳи март сари қудрат омад. Он вақт, баъди 30 соли раҳбарӣ президент Назарбоев, ки имрӯз ҳам бисёр мақомҳои муҳими сиёсиро нигоҳ медорад, истеъфо дод ва Тоқаеви он замон раиси Сенатро иҷрокунандаи вазифаи президент таъин кард.

500 боздоштшуда дар рӯзи интихобот

Рӯзи 9-уми июн садҳо нафар даст ба эътироз заданд. Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Қоҷаев гуфт, "дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмаато аз макони баргузории маъракаҳои ғайриқонунӣ ба идораҳои пулис 500 нафар оварда шуд".

Рӯзи 10-уми июн боздоштҳо идома кард ва хабарнигори Радои Озодӣ дар Алмаато шоҳиди боздошти 30 эътирозгар шуд. Эътирозгарон аз ноодилона баргузор шудани интихобот ва ба манфиати ягона номзади калидӣ ташкил шудани ин маърака раҳпаймоӣ карданд.

Рӯзе баъд аз интихобот дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон.
Рӯзе баъд аз интихобот дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон.

Дар миёни даҳҳо боздоштшуда чанд хабарнигори дохилӣ ва расонаҳои хориҷӣ ҳам буданд. Ду хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ – Петр Тротсенко ва Сания Тойкен ҳам барои муддати кӯтоҳ боздошт шуданд,

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Қожаев дар сӯҳбат бо журналистон, дар бораи "тахминан 500 боздоштшуда" дар Нурсултон ва Алмаато ба ҳайси "унсурҳои дорои андешаҳои ифротӣ" ёд кард, ки ба гуфтааш, даст ба намоишҳои ғайриқонунӣ задаанд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ба нақл аз чанд фаъоли ҷамъиятии боздоштшуда гуфт, ки аксари онҳоро ба беруни шаҳр бурдаанд ва дар мурофиаҳои кӯтоҳи додгоҳӣ ва беа вакили дифоъ, ба мӯҳлати 5 то 15 рӯзи ҳабс маҳкум карданд.

Рӯзи интихобот дастрасӣ ба Интернет дар шаҳрҳои Нурсултону Алмаатов фавқулодда суст буд ва бисёр шаҳрвандон ва ё расонаҳо аз имкони пахши мустақими видеоии ҳаводис дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум шуданд.

Тадбирҳои сахти амниятӣ

Як бахши эътирозгарон, ки ба баргузории интихоботи озоду одилона даъват мекарданд, дар даст пуфакҳои кабуди рамзи ҳизби мамнӯи Интихоботи демократии Қазоқистонро доштанд. Дар гузашта сиёсатмадори мунтақиди ҳукумати Назарбоев ва раҳбари ин ҳизб аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки дар намоишҳои эътирозӣ пуфакҳои кабудранг дошта бошанд. Худи Аблязов дар Фаронса ба сар мебарад.

Раҳбари дигари мухолифон собиқ нахуствазир Акежан Кажегелдин аз Лондон дар сӯҳбат бо телевизиони Настояшее Время гуфт, ки интихобот "танзимшуда" буд. Дар изҳороти созмони нозири фазои интернетӣ NetBlocks group, ки дар Лондон воқеъ аст, гуфта шуд, ки рӯзи интихобот шабакаи ҷаҳонӣ “моҳирона ва хеле устокорона масдуд шуда буд".

Ба мушоҳидаи ин созмон, провайдерҳои интернетӣ дар Қазоқистон "имкони пахши видеоии ҳамзамонро қатъ карданд ва субҳи 9-уми июн бисёр корбаронро аз дастрасӣ ба интернет маҳрум карда буданд".

Ваъдаи Тоқаев дар бораи интихоботи "боз ва шаффоф"

Тоқаев 66 сол дорад ва дар остонаи интихобот гуфт, ки интихобот "боз ва шаффоф мегузарад". Дар изҳороти мухолифон раъйдиҳӣ "ҳамчун маъракаи ноодилона ва бидуни рақобат" интиқод шуд.

Ҳеҷ як интихобот дар Қазоқистон аз замони касби истиқлолияти ин кишвар дар соли 1991 аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ озоду одилона унвон нашудааст. Назарбоев барои дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ба хотири кишвари дорои захираҳои гази табиӣ ва нафт буданаш ситоиш шуда, вале барои саркӯби озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла, фаъолияти матбуоти мустақил, эътирозу меъёрҳои демократӣ интиқод шудааст.

Боздошти тазоҳургарон дар шаҳри Алмаато
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Чанде пеш созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch навишт, ки Қазоқистон озодиҳои бунёдиро маҳдуд карда ҳукумат ба як режими худкомаи мутамарказ табдил шудааст. Ва аз ин назар, таҳлилгарони сиёсии Қазоқистон гуфтанд, ки "интихобот низоми архаистии сиёсати кунунӣ дар кишварро" бори дигар тасдиқ кард.

Айдос Сарим, таҳлилгари масоили сиёсӣ рӯзи 10-уми июн ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷомеаи Қазоқистон тағйир ёфта, озодтар шудааст. "Ҳукумат дигар ба маънои як улгу нест. Ба майдони сиёсӣ наслҳои нави шаҳрвандон меоянд, ки дар таҳияи шартномаҳои нонавиштаи миёни ҷомеа ва ҳукумат дар солҳои 1990-ум ширкат накардаанд. Ин ҷомеа аз ин қоидаҳои нонавиштаи бозӣ розӣ нест. Системаи сиёсиву ҳизбии солҳои 90-ум ва оғози 2000-ум дигар муассир нест. Ислоҳоти умда лозим аст".

Вокунишҳо аз Тоҷикистон

Аз аввалин нафароне, ки Тоқаевро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Барқияи табрикотии ӯ шоми 9-уми июн нашр шуд. Дар сӯҳбати телефонии ду раҳбар, ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳамкориҳои имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуд. Қарор аст Тоқаев рӯзҳои 14-15 июн дар Душанбе дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ширкат кунад.

Вале ба андешаи бархе соҳибназарони мустақил, маъракаи сиёсӣ дар Қазоқистон дур аз меъёрҳои интихоботи воқеии президентӣ буд. Журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки интихоботи Қазоқистонро пайгирӣ кардааст, ба ин хулоса омадааст, ки ҳодисаҳои ахири Қазоқистонро "интихобот номидан душвор аст".

Мирсаидов гуфт, "садҳо мисоли нақзи дағалонаи ҷараёни овоздиҳӣ ва натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ тасдиқ кард, ки раҳбарони кишварҳои худкома назари мардумро нодида мегиранд ва танҳо бар асоси манфиатҳои шахсии худ амал мекунанд”.

Мирсаидов мегӯяд, ки айни интихоботҳо дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам ташкил шудааст. "Ман шахсан дар давоми 15 соли охир аз интихоботҳои Тоҷикистон назорат кардаам ва бо боварии тамом гуфта метавонам, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ намешавад, онҳоро ба эътибор гирифт. Мутаассифона, дар интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон ин ҳол такрор мешавад, чунки дигар мардум чизеро ҳал намекунад".

Таҳлилгари тоҷик Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ҳам чунин андеша дорад. Ба назари ӯ, "маъракае, ки дар Қазоқистон гузашт, ҳеҷ рабте ба мафҳуми интихобот ва ин институти муҳими демократӣ надорад”.

Ба пурсиш дар бораи ин, ки то куҷо ин ҳаводис метавонад ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон таъсиргузор шавад, ин коршинос гуфт, "ин амалиёти кланҳои ҳукмрон хеҷ таъсири ҷиддӣ ба Тоҷикистон нахоҳад дошт, зеро дар Тоҷикистон амалиёти инфиродии интиқоли қудрат ба як хонавода пиёда шудан дораду тақдири онро Маскав муайян мекунад, на гурӯҳи ҳукмрону на ҷомеаи тоҷик".

Тоқаев кист?

Дипломати собиқадор ва таҳсилкарда дар Маскав Тоқаев як мутахассиси умури Чин буда, дар мақоми нахуствазир, вазири умури хориҷӣ ва раиси Сенат кор кардааст. Солҳои 2011-13 Тоқаев дар СММ ҳам ифои вазифа мекард. Тоқаев гуфтааст, ки дар сурати интихоб шуданаш сиёсати Назаробоевро идома медиҳад.

Духтари калонии Назарбоев – Дариға, ки Тоқаевро дар мақоми раиси Сенат иваз кард, дар сурати вуқуи ҳодисае бо раиси ҷумҳур салоҳиятҳои ӯро иҷро мекунад. Ҳарчанд ӯ дар интихобот ширкат накард, шахсияти ӯро таҳлилгарон ҳамчун нафари муҳим дар раҳбарии ояндаи Қазоқистон арзёбӣ мекунанд.

Қазоқистон бо 18,7 миллион аҳолӣ беш аз 12 миллион шаҳрванди қобили раъй дорад. Овоздиҳии рӯзи 9-уми июн инчунин дар сафорату консулгариҳои Қазоқистон дар Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Астрахан, Омск ва чанд кишвари хориҷӣ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG