Шатранҷбози навраси тоҷик Сабрина Абророва, ки дар мусобиқаи шоҳмот миёни духтарон ғолиб шуд, бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар 11 бозӣ 10.5 имтиёз гирифтааст. Ҷойи дуюм ва медали нуқра бо 10 имтиёз насиби Умеда Омоноваи узбекистонӣ гардид. Азалия Мирлан Қизи аз Қирғизистон бо 9 имтиёз барои ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар мусобиқаи шатранҷбозон дар ҳисоби дастаӣ Узбекистон ҷойи аввал, Қирғизистон ҷойи дуюм ва Арманистон ҷойи сеюмро касб намуданд. Тоҷикистон дар байни 46 даста дар
ҷойи 20-ум қарор гирифт.
Медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон баскетболбозон оварданд. Дар мусобиқаи баскетбол миёни писарон 6 даста иштирок дошт. Тими Абхазия бо 10 имтиёз ҷойи аввал, Тоҷикистон бо 8 имтиёз ҷойи дуюм ва Русия бо 7 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан, дар мусобиқот оид ба 7 намуди варзиш – баскетбол 3х3, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, тенниси рӯи миз, футболи хурд, шиноварӣ ва шоҳмот беш аз 600 варзишгари 12-14-сола аз 61 кишвар ширкат дошт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия мақоми аввалро азони худ кард. Латвия ҷойи дуюм ва Исроил ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Дар намудҳои алоҳида дастаҳои зерин ғолибону ҷоизадорон шуданд:
Баскетбол 3Х3 – 1. Абхазия. 2. Тоҷикистон. 3. Русия.
Волейбол – 1. Русия. 2. Озарбойҷон. 3. Арманистон.
Тенниси рӯи миз - 1. Арманистон. 2. Австрия. 3. Русия.
Футболи хурд – 1. Қирғизистон. 2. Булғористон. 3. Абхазия.
Шиноварӣ – 1. Русия. 2. Латвия. 3. Исроил.
Шоҳмот – 1. Узбекистон. 2. Қирғизистон. 3. Арманистон.
Оид ба гимнастикаи бадеӣ танҳо рақобатҳои инфиродӣ сурат гирифт, ки дар ду намуд варзишгарони Узбекистон ва дар ду намуди дигар намояндагони Исроил ғолиб шуданд.
Ба ҷуз аз мусобиқот ба ширкаткунандагони Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан барномаи васеи фарҳангӣ-омӯзишӣ пешниҳод гардид.
Бозиҳои ҷаҳонии наврасон қабл аз Хантимансийск дуборӣ дар шаҳрҳои Сочи ва Қазон доир шуда буд.
Чунонки сомонаи расмии Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан хабар додааст, бо тасмими комиссиюни ҳукуматии Федератсияи Русия таҳти раҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва дастгирии сарвазир Дмитрий Медведев ин бозиҳо боз се соли оянда доир хоҳанд шуд.