Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зиндон ба зиндон. Раҳоӣ ва ҳабси се тоҷик дар Афғонистон


Ин афродро аз зиндони Толибон озод кардаанд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёт дар вилояти Форёб 83 нафарро аз зиндони Толибон раҳо карданд. Дар байни онҳо се шаҳрванди Тоҷикистон, чаҳор нафар аз Узбекистон ва як шаҳрванди Қирғизистон будаанд, ки ба ДИИШ нисбат дода мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар пайи шиносоии боздоштшудагонест, ки ба гуфтаи мақомоти Афғонистон шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд. Сафир Шарофиддин Имомов рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз номи шаҳрвандони Тоҷикистон маълум нашудааст ва дар аксар маврид дастрасӣ ба маълумоти дақиқ осон нест.

Ӯ афзуд, боздоштшудагон “ба эҳтимоли зиёд шаҳрванди Тоҷикистонанд, вале дар гузашта ҳолатҳое ҳам буд, ки шаҳрвандони Афғонистон низ худро табааи Тоҷикистон эълом доштаанд".

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, дар сурати тасдиқ шудани шаҳрвандии онҳо масъалаи истирдодашон дар миён гузошта хоҳад шуд.

Рӯзи 6-уми июн нерӯҳои Афғонистон дар пайи як амалиёт дар вилояти Форёб 83 нафарро аз зиндони Толибон раҳо карданд. Дар байни онҳо 8 тан аз саркардаҳои ДОИШ, аз ҷумла се нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Қирғизистон будааст. Дигарон сокинони оддӣ ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ будаанд.

Толибон, ки қисме аз навоҳии Афғонистонро таҳти назорат дорад, бо гурӯҳи тундрави ДИИШ ихтилоф дорад ва дар Афғонистон миёни ин ду гурӯҳ задухӯрд сурат мегирад. Давлати Афғонистон дар як вақт ҳам бо Толибон ва ҳам бо гурӯҳи ДИИШ, ки се соли ахир дар ин кишвар фаъол шудааст, вориди ҷанг аст.

Муҳаммадёқуби Дарвозӣ, як мақоми амниятӣ дар шимоли Афғонистон мегӯяд, ин зиндон дар деҳаи Шохи ноҳияи Қайсари вилояти Форёб ҷойгир буд. Толибон дар Форёб нуфуз доранд.

Толибон 8 узви ДИИШ-ро соли гузашта дар ноҳияи Дарзоби Афғонистон боздошт ва дар зиндони худ нигаҳ медоштанд.

“Ҳашт узви ДИИШ, ки чаҳор нафараш шаҳрванди хориҷӣ буд, пас аз озод шудан боздошт ва ба дасти Раёсати амнияти миллии Форёб супурда шуд”, -- гуфт Муҳаммадёқуби Дарвозӣ.

Як мақоми афғон рӯзи 6-уми июн ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, се зодаи Тоҷикистон дар гузашта узви гуруҳи террористии “Ансоруллоҳ” будаанд. Гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро Амриддин Табаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик таъсис дода буд, ки дар соли 1997 шарти сулҳ бо давлатро напазируфта буд. Дар ин гурӯҳ бештар шаҳрвандони Тоҷикистон шомиланд ва ба гуфтаи Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон онҳо бештар зери чатри гурӯҳи Толибон амал мекунанд.

“Ин гурӯҳ бо Толибон наздик аст ва баъзе аъзояш аз он хориҷ шуда ба ДИИШ пайвастаанд. Дар таҷрибаи корӣ чунин ҳолатро мушоҳида кардаем”, -- гуфт ӯ.

Шумораи дақиқи аъзои тоҷики гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон маълум нест. Аммо дар амалиёти ҷудогонаи мақомоти афғон зуд-зуд тоҷикони узви гурӯҳи ин созмони тундрав боздошт мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон низ аз боздошти онҳое хабар медиҳанд, ки бо ҳадафи пайвастан ба ин гурӯҳи тундрав ба Афғонистон сафар мекунанд.

Гурӯҳи тундрави ДИИШ, ки соли 2014 бо ишғоли қисматҳое аз Сурия ва Ироқ хилофати худхонда эълон кард, аввали соли 2018 пурра дар ин ду кишвар шикаст хурд. Мақомоти Афғонистон, Тоҷикистон ва Русия пайваста аз афзоиши пайравони ин гурӯҳи тундрав дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронӣ мекунанд, аммо то ҳоло нуфузи онҳо дар минтақа тасдиқ нашудааст.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, ки масоили мазҳабӣ ва терроризмро пайгирӣ мекунад, гуфт, то чор соли пеш ҳузури ДИИШ дар Афғонистон бештар овоза буд, вале ҳоло далелҳо бозгӯи воқеияти ин ҳарфҳо ҳаст.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, русҳо бо дарназардошти манфиатҳои худ, мисли бозгашт ба марз ин масъаларо бузург ҷилва медиҳанд, дар асл ҳам хатар вуҷуд дорад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи душворназорат дорад. То кунун ҳамлаи гурӯҳҳои ифротӣ ба хоки Тоҷикистон рух надодааст, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ноамнӣ дар кишвари ҳамсоя ҳамеша нигаронанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG