Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Локомотив" ва "Файзканд" боз пешсафи лигаи аввал шуданд


Дастаҳои «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ, ки дар даври шашуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб омаданд, дар ҷадвали мусобиқа боз пешсаф шуданд.

Дар даври шашум «Локомотив-Помир» дар майдони худ “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Файзканд» дастаи меҳмон – “Зарафшон”-и Панҷакентро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, «Локомотив-Помир» ва «Файзканд», ки 14-имтиёзӣ гирифтаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд.

“Ҳулбук”-и Восеъ, ки бозиро дар меҳмонӣ бо “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, бо касби 13 имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кардааст.

Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 13-14-уми июн баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 6-ум

«Шоҳмансур» – «Исфара» – 1:1

«Файзканд» – «Зарафшон» – 5:1

«Равшан» – «Саройкамар» – 0:1

«Локомотив-Помир» – «Парвоз» – 1:0

«Ваҳдат» – «Ҳулбук» – 0:0

«Барқчӣ» – «Эсхата» – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

6

4

2

0

17-5

14

2

«Файзканд» (Восеъ)

6

4

2

0

12-5

14

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

6

4

1

1

15-8

13

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

6

4

0

2

14-11

12

5

«Равшан» (Кӯлоб)

6

3

1

2

17-9

10

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

6

3

1

2

7-3

10

7

«Душанбе-83» (Душанбе)

5

2

3

0

9-5

9

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

6

2

1

3

15-14

7

9

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

6

1

3

2

3-5

6

10

«Саройкамар» (Панҷ)

6

1

2

3

6-9

5

11

«Исфара» (Исфара)

6

1

1

4

4-11

4

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

6

1

1

4

7-21

4

13

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

5

1

0

4

12-16

3

14

«Шоҳмансур» (Душанбе)

6

0

2

4

9-25

2

Нишонзанҳо: Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ») – 9 тӯб, Далер Чолов («Равшан») – 7 тӯб.

Даври 7-ум

13 июн (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 18:00

«Равшан» – «Ваҳдат»

«Зарафшон» – «Парвоз»

«Дӯстӣ» – «Файзканд»

«Исфара» – «Барқчӣ»

14 июн (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 18:00

«Эсхата» – «Душанбе-83»

«Ҳулбук» – «Шоҳмансур»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG