Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Юнон, Қирғизистон ва Туркия


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин 2-юми июн ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 4-14-уми июн дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, 12 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2001 ширкат меварзад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” шомил аст, ки рақибонаш дастаҳои Қирғизистон, Туркия ва Юнон мебошанд. Футболбозони навраси тоҷик аввалин бозиро 5-уми июн муқобили дастаи Юнон баргузор мекунанд. Баъдан 7-уми июн бо дастаи Қирғизистон ва 10-уми июн бо мунтахаби Туркия рӯбарӯ мешаванд.

Ба гурӯҳи “А” Булғористон, Молдова, Русия ва Ҳиндустон, ба гурӯҳи “С” Аргентина, Арманистон, Русия-2 ва Эрон шомиланд.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷойҳои дуюм ба нимфинал мебароянд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5-ум то 12-ум мубориза хоҳанд бурд.

Бозиҳои ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори 31-ум доир мегардад, дар се варзишгоҳ – «Петровский», «Рошино Арена» ва «Турбостроител» - баргузор мешаванд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин дар Санкт-Петербурги Русия барои мо як давраи муҳими омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки тирамоҳи имсол дар Бразилия доир мегардад.»

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин-2019:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Меҳробҷон Азимов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарчор аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин-2019

Гурӯҳи «А»: Булғористон, Молдова, Русия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «В»: Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Юнон

Гурӯҳи «С»: Аргентина, Арманистон, Русия-2, Эрон

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

4 июн (сешанбе)

14:00 – Булғористон – Молдова. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Русия – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петровский».

5 июн (чоршанбе)

14:00 – Юнон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Аргентина – Арманистон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Туркия – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Русия-2 – Эрон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

6 июн (панҷшанбе)

14:00 – Молдова – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Русия – Булғористон. Варзишгоҳи «Петровский».

7 июн (ҷумъа)

14:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Арманистон– Эрон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Туркия – Юнон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Русия-2 – Аргентина. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

9 июн (якшанбе)

14:00 – Ҳиндустон – Булғористон. Варзишгоҳи «Петровский».

14:00 – Эрон – Аргентина. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

20:00 – Молдова – Русия. Варзишгоҳи «Петровский».

21:00 – Арманистон – Русия-2. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

10 июн (душанбе)

14:00 – Қирғизистон – Юнон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Тоҷикистон – Туркия. Варзишгоҳи «Турбостроител».

11 июн (сешанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

12 июн (чоршанбе)

14:00 – Нимфинал. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Нимфинал. Варзишгоҳи «Петровский».

13 июн (панҷшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

14 июн (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – ФИНАЛ. Варзишгоҳи «Петровский».

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG