Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ливерпул» бо шикасти «Тоттенҳэм» бори шашум ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд


Ҷом аз "Ливерпул" шуд
Ҷом аз "Ливерпул" шуд

Бошгоҳи футболи “Ливерпул”-и Англия, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Тоттенҳэм Ҳотспур”-и Лондон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, барои бори шашум ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид.

Бозии ниҳоӣ миёни ду бошгоҳи футболи Англия - “Тоттенҳэм Ҳотспур” ва “Ливерпул” шаби 1-уми июн дар варзишгоҳи «Ванда Метрополитано»-и Мадриди Испания баргузор шуд.

Дар оғози бозӣ баъди партоби нимҳимоятгари “Ливерпул” Садио Мане тӯб дар ҷаримагоҳ ба дасти нимҳимоятгари “Тоттенҳем” Мусо Сиссоко бархӯрд. Сардовари бозӣ Дамир Скомина аз Словения ба дарвозаи “Тоттенҳем” ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ ҳамлагари “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳи мисрӣ ба ҳадаф расонд. Голи дуюмро Дивок Ориги белгиягӣ дар дақиқаи 87-ум зад.

Бояд тазаккур дод, дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳо ин аввалин финале буд, ки бидуни кортҳои зард ё сурх ба поён расид. Ба ин тартиб, «Ливерпул» баъди 14 соли интизорӣ боз ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд. Дар ин муваффақияти даста ҳиссаи сармураббӣ Юрген Клоппи олмонӣ бузург аст. Зимнан, ӯ барои аввалин бор соҳиби ин ҷоиза шуд.

“Ливерпул” дар таърихаш барои бори шашум барандаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид. Қаблан ин бошгоҳ дар Лигаи қаҳрамонҳо солҳои 1977, 1978, 1981, 1984 ва 2005 ғолиб шудааст.

Дар таърихи ин мусобиқот “Ливерпул” аз рӯи ин нишондод ба ҷойи сеюм баромад. Аз ҳама бештар «Реал»-и Испания (13 бор) ғолиби мусобиқоти асосии бошгоҳии аврупоӣ гардидааст, аз он ҷумла дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) ғолиб шудааст. «Милан»-и Италия аз ин ҷиҳат дар ҷойи дуюм аст. Итолиёвиҳо ҳафт бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо шудаанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти имсола «Тоттенҳэм Ҳотспур», ки аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоӣ “Аякс”-и Ҳолландро шикаст дода буд (0:1, 3:2), барои аввалин бор ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ пайдо кард. “Ливерпул” бошад, аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоӣ бар тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 4:3 (0:3 ва 4:0) ғолиб омада, ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад. Зимнан, дар таърихи "Ливерпул" ин финали нӯҳум ба шумор мерафт, ки дар шаштоаш ғолиб шудааст.

Соли гузашта “Ливерпул”дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо аз «Реал»-и Мадрид бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардид, ки дар муддати 43 сол ягон бошгоҳи дигар ба чунин натиҷа даст наёфтааст.

Лигаи қаҳрамонҳо 2018/2019 . Финал 01.06.2019.

Испания. Мадрид. Варзишгоҳи "Ванда Метрополитано". 52 212 тамошобин

Сардовар: Дамир Скомина (Копер, Словения)

"Тоттенҳэм Ҳотспур" (Лондон, Англия) - "Ливерпул" (Ливерпул, Англия) - 0:2

Голҳо: Салоҳ, 2 (пеналтӣ), Ориги, 87

"Тоттенҳэм" (Лондон, Англия): Лорис, Триппер, Роуз, Вертонген, Алдервейрелд, Уинкс (Моура, 66), Сиссоко (Дайер, 74), Алли (Лоренте, 82), Эриксен, Мин Сон, Кейн

Сармураббӣ: Маурисио Почеттино

"Ливерпул" (Ливерпул, Англия): Алиссон, Робертсон, Фабино, ван Дейк, Матип, Александер-Арнолд, Ҳендерсон, Вейналдум (Милнер, 62), Салоҳ, Фирмино (Ориги, 58), Мане (Гомес, 90)

Сармураббӣ: Юрген Клопп

XS
SM
MD
LG