Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Футбол барои дӯстӣ" ба Китоби рекордҳои Гиннесс дохил шуд


​Дар доираи чорабиниҳои ниҳоии мавсими ҳафтуми Барномаи байналмилалии бачагонаи иҷтимоии ПАО «Газпром» «Футбол барои дӯстӣ» дар Мадрид тамрини аз ҳама сермиллат дар ҷаҳон доир шуд, ки дар он футболбозони наврас аз 57 кишвар, минҷумла аз Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Барномаи байналмилалии бачагонаи иҷтимоии «Футбол барои дӯстӣ» дар Китоби рекордҳои Гиннесс мавқеъ пайдо кард.

Рӯзи ҷумъаи 31-уми май дар яке аз маҷмуаҳои варзишии Мадриди Испания тамрини аз ҳама сермиллат дар ҷаҳон доир шуд, ки дар он футболбозони наврас аз 57 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин машқҳо хонандаи синфи 6-уми Мактаби байналмилалии президентии Душанбе Бахтиёр Махсумов намояндагӣ кард.

Машқҳо дар доираи чорабиниҳои ниҳоии мавсими ҳафтуми Барномаи байналмилалии бачагонаи иҷтимоии ПАО «Газпром» «Футбол барои дӯстӣ» доир гардид, ки ширкаткунандагонро аз 211 кишвар ва минтақаҳо муттаҳид месозад.

Машғулиятҳоро раҳбари Академияи футболи «Барселона» Микел Пуч ва мураббии собиқи дастаи наврасони «Барселона» Ҷозеф Гамбао гузарониданд. Онҳо ба футболбозони наврас барои баланд бардоштани маҳорати варзишиашон дар арафаи бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба «Футбол барои дӯстӣ», ки имрӯз, 1-уми июн, баргузор мешавад, кӯмак карданд.

Баъди анҷоми машқҳо намояндаи Китоби рекордҳои Гиннесс ба раиси шӯрои мудирони ПАО «Газпром» Виктор Зубков сертификати расмӣ дар бораи гузоштани рекорд супурд ва ширкаткунандагони навраси «Футбола барои дӯстӣ»-ро бо ин пирӯзӣ табрик намуд.

«Кори бисёре ба анҷом расонида шуд, ки дар натиҷаи он мо имрӯз ба чунин нишондоди баланд ноил шудем, ба Китоби рекордҳои Гиннесс дохил гардидем. Ин рекорд ба шарофати истеъдоди бачаҳо ба даст омад, ки хеле зиёд машқ мекунанд ва ҳама бо ҳам дӯстӣ менамоянд. Бисёр муҳим аст, вақте ки бачаҳои миллаташон мухталиф дар як даста бозӣ мекунанд. Мехоҳам бори дигар ҳамаро бо чунин натиҷаи олӣ табрик гӯям», - гуфт Виктор Зубков.

Яке аз ҳодисаҳои калидии ҳарсолаи барнома мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба «Футбол барои дӯстӣ» маҳсуб мешавад. Одатан дар мусобиқот дастаҳои мунтахаби байналмилалии омехта, ки варзишгарони сини 12-солаи миллат, ҷинс ва имконияти ҷисмониашон гуногунро муттаҳид месозанд, ширкат меварзанд.

Финали мусобиқот 1-уми июн дар майдони Плас-Майор дар маркази Мадрид баргузор мешавад. Бегоҳи рӯзи шанбе ширкаткунандагони барнома бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-ро, ки дар варзишгоҳи «Ванда Метрополитано» миёни ду бошгоҳи футболи Англия – “Тоттенҳем Ҳотспур” ва “Ливерпул” – баргузор мешавад, тамошо мекунанд.

XS
SM
MD
LG