Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин бозӣ мекунанд?


Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаи мунтахаби кишварро дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Афғонистон ва Чин эълон кард.

Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Душанбе ба тамрин шуруъ менамояд, 25 бозигарро даъват кардааст: се дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар байни онҳо чаҳор нафарашон дар бошгоҳҳои футболи Булғористон, Индонезия, Қирғизистон ва Малайзия бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои рафиқона муқобили тимҳои миллии Афғонистон ва Чин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд), Алишер Баротов («Хатлон»).

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғориcтон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, Отабек Каримов (ҳарду аз «Истаравшан»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябр шуруъ мешавад, дар моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали дӯстонаро рӯзи ҷумъаи 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо мунтахаби Афғонистон баргузор менамояд. Ин бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.

Бозии дуюми дӯстонаро футболбозони тоҷик рӯзи сешанбеи 11-уми июн дар шаҳри Гуанҷоу бо мунтахаби Чин, ки моҳи январи имсол дар Ҷоми Осиё дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба чаҳоряфинал роҳ пайдо карда буд, барпо мекунанд.

Бозиҳои дӯстона

7 июн (ҷумъа)

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

11 июн (сешанбе)

Чин – Тоҷикистон

Гуанҷоу, Чин

Шарҳҳоро бинед (1)

XS
SM
MD
LG