Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи дастаҳо дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон


Рӯзҳои 26-28-уми май бозиҳои аввали марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол бо ширкати дастаҳои лигаҳои якуму дуюм баргузор шуданд.

Рӯзҳои 26-28-уми май бозиҳои аввали марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол бо ширкати дастаҳои лигаҳои якуму дуюм баргузор шуданд.

Аз ҳашт бозӣ дар панҷтоаш мизбонон ғолиб омаданд: «Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0, «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 4:1, «Ҳулбук» (Восеъ) – «Файзканд» (Восеъ) – 3:2, «Саройкамар» (Панҷ) – «Моҳир» (Ёвон) – 5:2, «Душанбе-83» (Душанбе) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 3:0 (натиҷаи техникӣ).

Ду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон ба анҷом расид: «Равшан» (Кӯлоб) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 1:3, «Эсхата» (Хуҷанд) – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – 0:1.

Як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт: «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив-Помир» (Душанбе) – 0:0.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 8-9-уми июн доир мегарданд. Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир» ва «Ваҳдат» аз сабаби иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар Санкт-Петербурги Русия рӯзи 26-уми июн баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи пешакии мусобиқот ҳашт дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Аз даври ҳаштякниҳоӣ ҳашт дастаи лигаи олӣ ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои аввал

«Равшан» (Кӯлоб) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 1:3

Голҳо: Қурбонмаҳмад Ҷавов, 15 (0:1). Некрӯз Гадоев, 19 (1:1). Мансур Қаландаров, 55 (1:2). Эроншо Равенов, 56 (1:3).

«Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0

Голҳо: Ҳадис Қодиров, 69 (1:0). Фирдавс Мусоев, 90+1 (2:0).

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 4:1

Голҳо: Амриддин Раҳимов, 14 (0:1). Тоҳир Маладӯстов, 17 (1:1). Тоҳир Маладӯстов, 55 (2:1). Тоҳир Маладӯстов, 67 (3:1). Муҳаммад Ризомов, 87 (4:1).

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив-Помир» (Душанбе) – 0:0

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Файзканд» (Восеъ) – 3:2

Голҳо: Самариддин Расулов, 12 (1:0). Зоир Холматов, 77 (2:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 79 (2:1). Муҳсин Мадуллоев, 80 (2:2). Самариддин Расулов, 90+2 (3:2).

«Саройкамар» (Панҷ) – «Моҳир» (Ёвон) – 5:2

Голҳо: Хуршед Кабутов, 14 (1:0). Муҳаммадбобур Юсупов, 24 (1:1). Ҳикматулло Маладӯстов, 28 (2:1). Акмалҷон Авазов, 50 (3:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 69 (4:1). Муҳаммадбобур Юсупов, 86 (4:2). Акмалҷон Авазов, 90 (5:2).

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – 0:1

Гол: Шуҳрат Мирбаротзода, 32.

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 3:0 (натиҷаи техникӣ)

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

8 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Шоҳмансур» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор)

«Файзканд» (Восеъ) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Эсхата» (Хуҷанд)

9 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Равшан» (Кӯлоб)

«Моҳир» (Ёвон) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара» (Исфара)

26 июн (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG