Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" боз "Хуҷанд"-ро мағлуб кард


Рӯзҳои 25-26-уми май бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

“Истиқлол”-и Душанбе, ки дар майдони худ бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, бо касби 22 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар мақоми аввал қарор дорад. Зимнан, “Истиқлол” як ҳафта пеш дар даври ҳафтуми мусобиқот дар меҳмонӣ бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

“Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бар дастаи меҳмон – «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан – бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, бо касби 14 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол намудааст.

“Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, ки бозиро дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо касби 12 имтиёз ҷойи сеюмро азони худ кардааст.

Дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 11-имтиёзӣ ба даст овардаанд, мутаносибан дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор гирифтаанд. «Хатлон» дар даври ҳаштум дар меҳмонӣ «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бинобар бозиҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Афғонистон (7-уми июн дар Душанбе) ва Чин (11-уми июн дар Гуанҷоу) дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар се ҳафта танаффус эълон шудааст. Бозиҳои даври нӯҳум рӯзҳои 15-16-уми июн баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум.

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 3:1

Голҳо: Отабек Каримов, 9 (0:1). Аҳтам Холбоев, 18 (1:1). Мисиам Иносент, 38 (2:1). Муҳиддин Одилов, 71 (3:1).

25 май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.

«Панҷшер» – «Хатлон» – 1:3

Голҳо: Парвиз Охунов, 34 (0:1). Парвиз Охунов, 48 (0:2). Алишер Баротов, 59 – ба дарвозаи худ (1:2). Нуриддин Ҳамроқулов, 85 (1:3).

25 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 4000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 19 (0:1). Шериддин Бобоев, 45 (1:1). Зоир Ҷӯрабоев, 68 (2:1).

26 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 12 (0:1). Ҳасан Рустамов, 38 (1:1).

26 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

8

7

1

0

27-7

22

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8

4

2

2

13-9

14

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

3

3

2

12-12

12

4

«Хатлон» (Бохтар)

8

3

2

3

10-11

11

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

8

3

2

3

9-10

11

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

8

2

1

5

7-15

7

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

1

3

4

7-13

6

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

8

1

2

5

6-14

5

Нишонзанҳо: Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол») – 5-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ.

Даври 9-ум

15 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

«Хуҷанд» – «Панҷшер»

16 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

«Хатлон» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG