Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдири боксро дар Бозиҳо ҳал кард


Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) тавсия дод, ки бокс дар барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Ҷопон боқӣ монад. Дар ин бора сомонаи расмии КБО хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки кумитаи иҷроия ба сессияи навбатии КБО тавсиянома фиристодааст, ки бокс дар барномаи бозиҳо боқӣ монда, дар навбати худ Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) аз эътирофи расмӣ маҳрум карда шавад. Ба гуфтаи президенти КБО Томас Бах, ин қарор ба манфиати варзишгароне, ки орзуи дар Олимпиада иштирок карданро доранд, гирифта шудааст.

Ба ҷои AIBA ҳамчун ташкилкунандаи мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпӣ дар Токио худи КБО машғул мешавад. Барои ин гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳро президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика Моринари Вотанабе раҳбарӣ мекунад. Марҳилаи интихобӣ моҳҳои январ-майи соли оянда муайян шудааст.

Дараҷаҳои аниқи вазнии олимпӣ феълан тасдиқ нашудааст. КБО барои ин муҳлати ниҳоиро охири моҳи июн муайян намуд, ҳамчунин шумораи квота барои варзишгарон низ маълум мегардад. Тасмими ниҳоиро дар ин бора Кумитаи иҷроияи КБО баъд аз баррасии гузориши гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷаласаи навбатӣ авохири моҳи июн қабул мекунад.

Кумитаи иҷроия эълон кард, ки ҳолати имрӯзаи AIBA мисли пешин ба муқаррароти Хартияи олимпӣ ва Кодекси ахлоқи КБО созгор нест.

Дар бораи имконияти хориҷ кардани бокс аз барномаи Бозиҳои олимпӣ Томас Бах моҳи феврали соли 2018 гуфта буд. AIBA дар муддати чанд соли ахир бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудааст. Ба ғайр аз ин, КБО ба мақомоти федератсион, ки Ғафур Раҳимов баъди як қатор ҷойивазкунӣ раҳбари он шуд, эътироз дошт.

Нақшаи гузаронидани мусобиқот оид ба бокс моҳи ноябри ҳамон сол баъди оғози таҳқиқот нисбати AIBA боздошта шуд. Дертар Раҳимов вазифаашро муваққатан қатъ намуд, ӯро Муҳаммад Мустасани марокашӣ иваз кард.

Бокс аз соли 1904 ба барномаи Олимпиада дохил аст. То Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия барои ширкат дар мусобиқот танҳо варзишгарони ҳаваскор роҳ дода мешуданд, аз соли 2016 бошад, ба мубориза барои медалҳои олимпӣ ҳамчунин муштзанҳои ҳирфаӣ шуруъ карданд.

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG