Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин, ки рӯзҳои 4-14-уми июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори 31-ум доир мегардад, 12 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2001 иштирок мекунад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи “С” шомил аст, ки рақибонаш дастаҳои Лаҳистон, Қирғизистон ва Русия-2 мебошанд. Ба ҳайати дастаи дуюми Русия бозигарони тими Санкт-Петербург – ғолибони мусобиқа ба хотираи Валентин Гранаткин дар соли 2018 - дохиланд.

Ба гурӯҳи “А” Булғористон, Молдова, Русия ва Ҳиндустон, ба гурӯҳи “В” Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон шомиланд.

Футболбозони навраси тоҷик аввалин бозиро 5-уми июн муқобили дастаи Қирғизистон баргузор мекунанд. Баъдан 7-уми июн бо дастаи Русия-2 ва 10-уми июн бо мунтахаби Лаҳистон рӯбарӯ мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал мебароянд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5-ум то 12-ум мубориза хоҳанд бурд.

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин-2019

Гурӯҳи «А»: Булғористон, Молдова, Русия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «В»: Туркия, Эрон, Аргентина, Юнон.

Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия-2, Лаҳистон.

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

4 июн (сешанбе)

14:00 – Булғористон – Молдова. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Русия – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петровский».

5 июн (чоршанбе)

14:00 – Туркия – Эрон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Аргентина – Юнон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Русия-2 – Лаҳистон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

6 июн (панҷшанбе)

14:00 – Молдова – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Русия – Булғористон. Варзишгоҳи «Петровский».

7 июн (ҷумъа)

14:00 – Эрон – Юнон. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Қирғизистон – Лаҳистон. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Аргентина – Туркия. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Русия-2 – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

9 июн (якшанбе)

14:00 – Ҳиндустон – Булғористон. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Молдова – Русия. Варзишгоҳи «Петровский».

10 июн (душанбе)

14:00 – Юнон – Туркия. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Лаҳистон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Эрон – Аргентина. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Қирғизистон – Русия-2. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

11 июн (сешанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

12 июн (чоршанбе)

14:00 – Нимфинал. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – Нимфинал. Варзишгоҳи «Петровский».

13 июн (панҷшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Варзишгоҳи «Турбостроител».

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Варзишгоҳи «Рошино Арена».

14 июн (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Варзишгоҳи «Петровский».

20:00 – ФИНАЛ. Варзишгоҳи «Петровский».

Эзоҳ: замони оғози бозиҳоба вақти Душанбе.

Форуми Фейсбук

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG