Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлавар ба 2 масҷиди Зеландияи Нав ба терроризм муттаҳам шуд


Пулиси Зеландияи Нав ҳамлавари австролиёӣ ба ду масҷиди шаҳри Крайстчёрчро дар баробари иттиҳомҳои дигар, ба анҷоми амалиёти террористӣ низ айбдор кард. Дар ин ҳодиса дар моҳи марти имсол 51 нафар кушта шуданд.

Дар баёнияи пулиси Зуландияи Нав омадааст, ин иттиҳом ба пояи қонуни мубориза бо терроризм ба Брентон Таррант ворид шудааст.

Таррант, ки як нажодпарасти сафедпӯст аст, айни ҳол бо 51 мавриди иттиҳоми қатл в 40 мавриди иттиҳоми талош ба қатл, рӯбарӯ аст. Ҷаласаи баъдии додгоҳ барои расидагӣ ба ҳамлаҳои Крайстчёрч, моҳи оянда баргузор мешавад.

Тарранти 28-сола рӯзи 15-уми марти имсол ин ҳамлаи хунинро анҷом дод.

Эълони иттиҳомҳои нав алайҳи ҳамлавар ба ду масҷид дар Зеландияи Нав баъд аз он сурат мегирад, ки як марди турк, ки дар ин ҳамла ҷароҳат бардошта буд, дар яке аз бемористонҳои Крайстчёрч ҷон бохт.

Пулис дар бораи тафсилоти нав дар парвандаи ҳамлавар ба ду масҷид, дар мулоқот бо хонаводаҳои қурбониён ва онҳое, ки аз он ҷони солим ба дар бурданд, хабар додааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳамла вокуниши густарда нишон дод. Як ҳафта пас аз ин ҳамла нахуствазири Зеландияи Нав ба намояндагӣ аз ҳукумат истифода аз навъҳои гуногуни аслиҳаи нимаавтоматиро мамнуъ кард.

Як моҳ пас аз ин ҳамлаҳо, порлумони Австралия низ бори нахуст дар ҷаҳон, қонунеро қабул кард, ки бар пояи он шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадор ҳастанд, муҳтавои хушунатомезро "бидуни таъхир" ҳазф кунанд.

XS
SM
MD
LG