Бошгоҳи футболи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар шаҳри Бишкек аз дастаи «Дордой», қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов доир гардид. Тӯбро Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 29-ум аз назди дарвоза ба ҳадаф расонда, ҳисобро боз кард. Дар нимаи дуюми дидор мизбонон ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Воҳид Оразсаҳедов дар дақиқаи 57-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи “Дордой”-ро Мирлан Мурзаев дар дақиқаи 77-ум ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 1-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» тими "Дордой"-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода буд.
Бошгоҳи футболи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар шаҳри Ишқобод аз дастаи «Алтин Асир», қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Копетдоғ»-и Ишқобод баргузор шуд. Тӯбро Мурод Яхшиев дар дақиқаи 32-юм аз дохили ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Бозии аввали ин дастаҳо 30-юми апрел дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расида буд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҷаҳор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Алтин Асир” бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Хуҷанд” ва “Дордой” бо 4-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро ишғол кардаанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.
Ҷоми AFC-2019
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
3 апрел (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0
Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).
«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1
Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).
Даври 2-юм
17 апрел (чоршанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1
Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 89 – аз пеналтӣ (3:1).
Даври 3-юм
30 апрел (сешанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0
1 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) -4:1
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 15 – аз пеналтӣ (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 – аз пеналтӣ (2:0). Михайло Сакич, 49 (3:0). Мирлан Мурзаев, 50 (3:1). Шаҳром Самиев, 81 (4:1).
Даври 4-ум
15 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 29 (0:1), Воҳид Оразсаҳедов, 57 (1:1), Мирлан Мурзаев, 77 (2:1).
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:0
Гол: Мурод Яхшиев, 32 (1:0).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
4 |
2 |
1 |
1 |
9-4 |
7 |
2 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
4 |
1 |
3 |
0 |
3-2 |
6 |
3 |
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) |
4 |
1 |
1 |
2 |
3-5 |
4 |
4 |
«Дордой» (Қирғизистон) |
4 |
1 |
1 |
2 |
5-9 |
4 |
Даври 5-ум
19 июн (чоршанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
26 июн (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)