Ба созишнома дабири кулли Созмони ҳунарҳои размии Қазоқистон Фарҳат Амонқулов ва президенти GAISF Рафаэл Чиулли имзо гузоштанд. Нурсултон дар қатори чаҳор шаҳри муддаӣ ҷиҳати доир кардани ин бозиҳо ба шумор мерафт.
Ба гуфтаи Фарҳат Амонқулов Қазоқистон барои босифат гузаронидани Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ тамоми имкониятҳоро дорад.
"Қазоқистон таҷрибаи бойи гузаронидани мусобиқоти байналмилалиро дорад. Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ, Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии зимистона, ЭКСПО-2017 ва биёр мусобиқоти дигар захираи варзишии моро ба тамоми ҷаҳон нишон доданд. Ҳамчунин, мо иншоотҳои беҳамтои варзишӣ дорем, ки ба тамоми талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Шуморо бовар мекунонам, ки мо мусобиқотро дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор менамоем, – гуфтааст Фарҳат Амонқулов.
Чунонки хадамоти матбуотии GAISF хабар додааст, ба барномаи Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ, монанди айкидо, бокс, гуштии варзишӣ, каратэ, кендо, кикбоксинг, муайтай, самбо, сават, сумо, таэквондо, ушу, ҷиу-ҷитсу, шамшербозӣ ва ғайра дохиланд.
Бозиҳо аз 3-юм то 9-уми майи соли 2021 дар се иншооти асосии варзишии Нурсултон баргузор хоҳад шуд. Макони баргузории мусобиқот қасри яхини "Алау", Кохи ҳунарҳои размӣ, ки тобистони имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, инчунин велодроми "Сариарка" мегарданд.
Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ соли 2010 дар Пекини Чин доир шуда буд. Бозиҳои дуюм соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо гаштааст. Бозиҳои сеюм соли 2019 бояд дар Тайбейи Чин доир мешуд, аммо соли гузашта бинобар дохил намудани ислоҳот дар шакли сабқатҳо бозиҳо боздошта шуд.
Ҳоло муқаррар шудааст, ки Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар чаҳор сол як маротиба доир мегардад. Мусобиқоти соли 2021 дар Нурсултон баъди ислоҳот аввалин бозиҳо маҳсуб мешавад.
Конечно монеъ мешаванд. Ки мехохад дар бораи худаш спектакл бинед?
Банда дар донишкадаи Исломии ба номи Имом Аъзам (мадраса) Мударрис ҳастам ва устод Шерзод А-ро хуб мешиносам. Устод низ вазъи ин донишкадаро хуб медонанд. Фишорхои амният ва дигар ниҳодҳои давлати болои устодон ва донишҷӯён хело зиёд аст.
Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун Худо раҳматаш кунад ва ҷояш дар ҷаннат бошад, қабраш пурнур!
"Конфликт в Украинн уже через несколько месяцев может вызвать глобальный продовольственный кризис, который продлится годы, предупредила ООН" Дунёро хатари гуруснагӣ интизор аст, Помир барои барканории роҳбар мииииитинг карда истодааст
Машварат ба Рустами Эмомалӣ. Рустам, дар хиёбони марказии Душанбе як аллейкаро барои ҷойи ҳайкали ин ва дигар шаҳидони роҳи демократӣ брон карда мон. Баъди рафтани падарат ба кор хоҳад омад, ин хизмататро мардум чун мэри ояндабин ба инобат хоҳад гирифт.