Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо ҳисобро дар дақиқаи панҷум бозигари мизбонон Маттейс де Лигт боз кард. Баъди 30 дақиқа голи дуюми “Аякс”-ро Ҳаким Зиё ба самар расонид. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи бошгоҳи ҳолландӣ ба танаффус баромаданд.
Дар нимаи дуюми дидор меҳмонон тавонистанд, ки се гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом бидиҳанд. Ҳарсе голро Лукас Родригес Моура да Силва дар дақиқаҳои 55-ум, 59-ум ва 90+6 зада, ба “Аякс” пирӯзӣ овард.
Бозии аввал, ки пештар дар Англия доир гардида буд, бо пирӯзии “Аякс” бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ҳисоби умумӣ 3:3 шуд. Бо дарназардошти шумораи голҳои дар меҳмонӣ задашуда, “Тоттенҳем” ғолиб гардид ва барои аввалин бор ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ пайдо кард.
Ба ин тартиб, “Тоттенҳем” дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо, ки 1-уми июн дар Мадриди Испания баргузор мешавад, бо “Ливерпул”-и Англия рақобат мекунад.
“Ливерпул” аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоӣ бар тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 4:3 (0:3 ва 4:0) ғолиб омад, ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад. Зимнан, барои "Ливерпул" ин финали нӯҳум дар таърихаш ба шумор меравад, ки дар панҷтоаш ғолиб шудааст.
Лигаи қаҳрамонҳо. 1/2 финал. Бозиҳои 2-юм
«Ливерпул» (Ливерпул, Англия) — «Барселона» (Барселона, Испания) — 4:0
Голҳо: Ориги, 7 (1:0), Вейналдум, 54 (2:0), Вейналдум, 56 (3:0), Ориги, 79 (4:0).
«Аякс» (Амстердам, Ҳолланд) — «Тоттенҳем Хотспур» (Лондон, Англия) — 2:3
Голҳо: Маттейс де Лигт, 5 (1:0), Ҳаким Зиё, 35 (2:0), Лукас Моура, 55 (2:1), Лукас Моура, 59 (2:2), Лукас Моура, 90+6 (2:3).
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо «Реал»-и Испания бар “Ливерпул”-и Англия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардид, ки дар муддати 42 сол ягон бошгоҳи дигар ба чунин натиҷа даст наёфта буд.
“Реал” пас аз пирӯзӣ бар “Ливерпул” боз як рекорд гузошт. 13 бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо гардид, аз он ҷумла дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?