Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ливерпул" бо шикасти "Барселона" ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад


Бошгоҳи футболи “Ливерпул”-и Англия, ки дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шаби 7-уми май дар майдони худ дастаи “Барселона”-и Испанияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, ба финали ин мусобиқоти пурнуфузи аврупоӣ роҳ пайдо кард.

Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бозигарони мизбонон Ориги ва Вейналдум ба дарвозаи меҳмонон дуголӣ заданд. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ як ҳафта пеш дар Испания “Барселона” бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Ба ин тартиб, “Ливерпул”, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоӣ бар тими “Барселона” ғолиб омад, ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад. Ҳамакнун инглисҳо дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бо ғолиби ҷуфти бозии дигари ниманиҳоӣ - “Аякс” ва “Тоттенҳэм” - рақобат мекунанд.

Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА. 1/2 финал. Бозии 2-юм

«Ливерпул» (Ливерпул, Англия) — «Барселона» (Барселона, Испания) — 4:0

Голҳо: Ориги, 7 (1:0), Вейналдум, 54 (2:0), Вейналдум, 56 (3:0), Ориги, 79 (4:0).

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Реал»-и Испания дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бар тими “Ливерпул”-и Англия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Ин бозӣ 26-уми май дар варзишгоҳи “Олимпийский”-и Киев - пойтахти Украина барпо гардид.

Нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Ҳисобро баъди танаффус Карим Бензема пас аз хатои дарвозабони “Ливерпул” Лорис Кариус дар дақиқаи 51-ум боз кард. Баъди чор дақиқа Садио Мане ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 64-ум Гарет Бэйл, ки се дақиқа пеш баъди таъвиз ба майдон омада буд, бо голи зебояш “Реал”-ро ба пеш баровард. Бэйл голи севуми испаниҳоро баъди боз як хатои дағали Кариус ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид, ки дар муддати 42 сол касе ба чунин натиҷа даст наёфта буд. “Реал” пас аз пирӯзӣ бар “Ливерпул” боз як рекорд гузошт. 13 бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо гардид, аз он ҷумла дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.

Ҳамакнун барои "Ливерпул" ин финали нӯҳум дар таърихаш ба шумор меравад, ки дар панҷтоаш ғолиб шудааст.

XS
SM
MD
LG