Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" барандаи Ҷоми "Олимп" шуд


Бошгоҳи футзали "Соро компания"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ғолиби мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ барои Ҷоми Идораи букмекерии «Олимп» ба хотираи Одилбек Жауиров гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқаи анъанавӣ аз 1-ум то 5-уми май дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа «Соро компания» бар дастаҳои «Атирау» (Атирау) бо ҳисоби 7:0, «Окжетпес» (Кокшетау) бо ҳисоби 5:1 ва «Орал» (Уралск) бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад.

Дар нимфинал қаҳрамони Тоҷикистон бо дастаи «Умирзоқ» (Атирау) рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ «Соро компания» бо ҳисоби 8:7 ғолиб шуда, ба финал баромад. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ бар тими «Инта» (Актау) бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида, ғолиби мусобиқа шуданд.

Ба ин тартиб, бошгоҳи «Соро компания» ба ҷуз аз Ҷоми Идораи букмекерии «Олимп» бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 2 миллион танга (5240 доллари ИМА) мукофотонида шуд.

Ёдовар мешавем, мавсими порсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба поён расида буд. Ин даста, ки барои аввалин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2019 мушарраф гардид.

Дар байни барандагони ҷоизаҳои инфиродии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 Пайрав Воҳидов («Соро компания») беҳтарин мураббӣ ва Раҳмоналӣ Шарипов («Соро компания») беҳтарин бозигари Лигаи касбии футзал ҳастанд.

XS
SM
MD
LG