Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2019: "Истиқлол” - "Дордой" – 4:1


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) -2019 дар гурӯҳи«D» дар майдони худ бошгоҳи «Дордой»-и Бишкекро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Бозии қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон бо қаҳрамони даҳкаратаи Қирғизистон шаби чоршанбеи 1-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба поён расид.

Дар дақиқаи 14-уми нимаи аввали бозӣ меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд. Сардовар Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд аз Урдун ба дарвозаи “Дордой” ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Тӯбро нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 15-ум ба ҳадаф расонда, ҳисобро боз кард.

Голи дуюмро низ мизбонон аз пеналтӣ заданд. Баъди зарбаи нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани дастаи “Истиқлол”, дарвозабони “Дордой” Валерий Кошуба маҷбур шуд, ки тӯбро боз аз тӯри дарвоза бигирад.

Нимаи дуюми дидор бо ҳуҷуми футболбозони тоҷик оғоз ёфт. Дар дақиқаи 43-юми бозӣ тӯби сеюмро нимҳимоятгар Михайло Сакич, легионер аз Сербия, ба дарвозаи “Дордой” ворид намуд. Вале баъди як дақиқа футболбозони қирғиз ҳисобро тағйир доданд. Голро ҳамлагар Мирлан Мурзаев аз масофаи дур ба самар расонид. Голи чаҳоруми “Истиқлол”-ро ҳамлагари ҷавони 18-сола Шаҳром Самиев дар дақиқаи 81-ум зад.

Ёдовар мешавем, даври сеюми Ҷоми AFC -2019 дар гурӯҳи “D” рӯзи сешанбеи 30-юми апрел шуруъ шуда буд. Бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Хуҷанд” бо чор имтиёз мақоми дуюмро касб намудааст. “Алтин Асир” бо се имтиёз дар ҷойи сеюм ва “Дордой” бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор доранд.

Бозиҳои даври 4-уми Ҷоми АFC-2019 дар гурӯҳи “D” рӯзи чоршанбеи 15-уми май баргузор мешаванд. “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо “Дордой” ва “Хуҷанд” низ дар сафар бо “Алтин Асир” рақобат мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0

Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 89 – аз пеналтӣ (3:1).

Даври 3-юм

30 апрел (сешанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0

Сардовар: Халид Солеҳ Ал-Турайс (Арабистони Саудӣ).

30 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5200 тамошобин.

1 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 4:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 15 – аз пеналтӣ (1:0), Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 – аз пеналтӣ (2:0), Михайло Сакич, 49 (3:0), Мирлан Мурзаев, 50 (1:3), Шаҳром Самиев, 81 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Искандар Ҷалилов, Ҷалил Кимсанов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 90), Фатҳулло Фатҳуллоев, Михайло Сакич (Амирбек Ҷӯрабоев, 63) Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 86).

«Дордой» (Қирғизистон): Валерий Кошуба, Мустафа Юсупов (Мирлан Мурзаев, 46), Курсанбек Шератов, Ислом Шамшиев (Муролим Ахмедов, 57), Бекжан Сагинбоев, Кайрат Жиргалбек, Алибек Сакенов, Фарҳат Мусобеков, Антон Землянухин (Эрнист Батирканов, 77), Вахит Оразахедов, Артур Валикаев.

Огоҳӣ гирифтанд: Мустафо Юсупов, Алибек Сакенов, Фархат Мусобеков, Муролим Ахмедов («Дордой»).

Бозигари беҳтарини дидор: Алишер Ҷалилов ("Истиқлол).

Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

Нозири доварон: Шанкар Комалисваран (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Ҳамид Муъминӣ (Эрон).

1 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

2

1

0

8-2

7

2

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

3

1

1

1

3-4

4

3

«Алтин Асир» (Туркманистон)

3

0

3

0

2-2

3

4

«Дордой» (Қирғизистон)

3

0

1

2

3-8

1

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

XS
SM
MD
LG