Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пеш аз муҳлат ба дунё омаданд". Вазъи нохуби сегоникҳо дар Кӯлоб. ВИДЕО


Дар шаҳри Кӯлоб модаре сегоник таваллуд кард, вале пеш аз муҳлат ва дар ҳафтмоҳагӣ.

Онҳоро баъди шаш рӯз аз шифохона ба хона фиристодаанд, чун ба гуфтаи табибон, ба ҷони навзодон хатаре таҳдид намекунад. Волидон мегӯянд, ки сегоникҳо аз нафастангӣ азият мекашанд ва ҳар лаҳза ба ёрии пизишкон ниёз доранд.

Модари кӯдакон Мавзуна Мадисоева 28-сола ва парастор аст ва як духтари 3-солаи дигар ҳам дорад. Падари навзодон айни ҳол кори муайян надоштааст ва мисли бисёре аз ҷавонони дигари тоҷик барои кор ба Русия меравад.

Бунафша Одинаева, модаркалони сегоникҳо, рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "як табиб омад ва вазъияти кӯдаконро дид. Дигар наомад. Гуфт, ки аз минтақаи зери назорати мо нестед ва мо намеоем. Дар маҳаллаи мо табиби кӯдакона нест."

Волидон мегӯянд то имрӯз чанд бор аст, ки нафаси кӯдакон мегирад. Ба гуфтаи онҳо, "ширро ҳам бо найча медиҳем. Макиданро ёд нагирифтаанд".

Шикояти волидони сегоник дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Бархе аз табибон мегӯянд, шароити хона барои нигоҳубини кӯдакони норасид мувофиқ нест ва бо чунин вазъе, ки ин сегоникҳо доранд, бояд дар бемористон бошанд.

Сегоникҳо аз 850 грамм то якуним кило вазн доранд. Ин тифлон шаш рӯз дар таваллудхонаи рақами дуи шаҳри Кӯлоб нигоҳбонӣ шудаанд.

Дар таваллудхона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо волидони ин сегоникҳо робита доранд ва аз вазъи онҳо бохабаранд. Шаҳло Бобохонова, сартабиби таваллудхонаи рақами 2-и Кӯлоб гуфт, "воқеан кӯдакон норасид ба дунё омада буданд ва табибон барои зинда мондани онҳо тамоми талоши худро карданд. Онҳо шаш рӯз дар даруни шиша буданд ва баъди он мустақилона нафас кашиданд. Пас аз он сегоникҳоро ба хонаашон ҷавоб додем."

Дар солҳои охир чанд мавриди таваллуди сегоник ва чоргоникҳо дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Мақомот ба баъзе аз ин хонаводаҳо кумаки молӣ карда ва хонаву дар тақдим намудаанд.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон аз марзи 9 миллион нафар гуазаштааст ва кишвар аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Шарҳҳоро бинед (8)

XS
SM
MD
LG