Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Абу Забӣ 16 медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон, инчунин Фестивал ё Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу, ки аз 20-ум то 26-уми апрел дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 16 медал, аз он ҷумла 7 нишони тилло ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 26 варзишгар дохил буд. Дар Фестивали ҷаҳонӣ миёни кӯдакон Довуд Ҷоншоев (вазни зери 24 кг), Муҳаммадрофеъ Баротов (-27 кг), Муҳаммад Алимов (-21 кг) ва Имрон Додоматов (-24кг) бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Абдулфаттоҳ Расулов (-24 кг), Алӣ Расулов (-34 кг) ва Маъруфҷон Назарзода (-77 кг) бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Дар рақобатҳо миёни ҷавонон Амирҷони Нуриддин (-55 кг) ва Ибодулло Ибодов (-42 кг), инчунин Фотимахон Гадоева (-40 кг) миёни духтарон барои ҷойҳои аввал бо медалҳои тилло қадрдонӣ шуданд. Мансурҷон Сабуров (-27 кг) ва Ҳасанҷон Сафаров (-37 кг) медалҳои нуқра, Сафиаллоҳ Маҳмадалӣ (-41кг), Самариддин Маҳмадализода (-46 кг) ва Билолиддин Маҳмадализода (-50 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар мусобиқа миёни варзишгарони бузургсол Абдуманнон Раҳимов дар вазни зери 77 кило соҳиби медали нуқра гардид.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон, инчунин Фестивали ҷаҳонӣ дар Абу Забӣ варзишгарон аз 100 кишвар, ки дар байнашон, инчунин кӯдакону наврасон ва паралимпичиён низ буданд, ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва Фестивали ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу, ки моҳи апрел дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, ҳамагӣ 20 медал (7 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст. Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли 2011 ташкил шудааст. Ба иттилои Алиҷон Давлатов, раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар ҳудуди 2500 нафар бо ҷиу-ҷитсу машғуланд, ки дар байни онҳо духтарон ҳам ҳастанд.

Ёдовар мешавем, соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни ҷавонон Ибодулло Ибодов медали тилло, Саидшо Ҳукматов ва Шамсиддин Абдураҳимов медалҳои нуқра ба даст оварда буданд. Ҳарсе бо ҷоизаҳои президенти Тоҷикистон сарфароз шудаанд.

Инчунин варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод – баргузор шуд, дар мусобиқаи ҷиу-ҷитсу соҳиби ду медал гардиданд. Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти мардона, Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти омехта бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҷиу-ҷитсу барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия барпо гардид, дохил шудааст. Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо дар намуди ҷиу-ҷитсу се варзишгар - Шоимард Абдулназаров (-62 кг), Абдуманнон Раҳимов (-77 кг) ва Абдуғафур Абдуллоев (-85 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ карданд, вале онҳо натавонистанд медал ба даст биёранд.

XS
SM
MD
LG