Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод: "Созиши минтақавӣ барои сулҳи Афғонистон ҳанӯз ҳосил нашудааст"


Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, ҳанӯз ҳам ба як иҷмоъ ё назари ягонаи минтақавӣ барои сулҳи Афғонистон даст наёфтаанд. Вай ин мавзуъро рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар гуфтугӯ бо телевизиони "Тулӯъ" иброз дошт.

Ба гуфтаи оқои Халилзод, Амрико, Аврупо, Русия ва Чин дар робита ба сулҳи Афғонистон ба як созиш расиданд, вале байни кишварҳои минтақа ҳанӯз ҳам печидагиҳое дар ин робита вуҷуд дорад.

Вай гуфт, "ҳанӯз ба як иҷмои минтақаӣ нарасидем. Чанд рӯз баъд ба Ҳинд хоҳам рафт. Онҳо мумкин нигарониҳое дошта бошанд дар ин бора. Мехоҳам бо онҳо баҳс кунам ва ба онҳо итминон диҳад, ки мо як Афғонистонро мехоҳем, ки барои ҳеҷ кас хатар набошад. Ба Эрон ҳам айни ҳамин пайғом аст, ки Амрико намехоҳад аз Афғонистон кишваре сохта шавад, ки дар оянда барои Эрон аз он хатар бошад. Ҳамчунин нигарониҳое дар Халиҷ ҳам ҳаст".

Рақобатҳои минтақавӣ дар робита ба сулҳи Афғонистон яке аз нигарониҳое аст, ки оқои Халилзод чанде пеш аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ишора карда буд.

Залмай Халилзода ба таври рӯшан аз Ҳинд ёд накард, вале мақомоти ҳиндӣ қаблан аз ин, ки Покистон ба раҳбарони Толибон ва шуморе аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳ паноҳ додааст, нигаронӣ карда буданд.

Оқои Халилзод дар ҳоле аз даст наёфтан ба як созиши минтақавӣ барои сулҳи Афғонистон сухан мегӯяд, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон расидан ба сулҳ дар кишварашро бидуни як тавофуқи шомили минтақавӣ ғайримумкин медонад.

Барои расидан ба чунин иттифоқи назар ва ҷалби ҳимоят барои раванди сулҳи Афғонистон дар чанд соли гузашта чандин бор гуфтугӯҳо дар Покистон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Узбекистон ва Туркманистон сурат гирифтааст.

Залмай Халилзод, намояндаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ҳафтумин сафараш барои сулҳи ин кишварро рӯзи душанбеи гузашта оғоз кард, ки то понздаҳуми май идома хоҳад ёфт. Яке аз муҳимтарин нишастҳои вай рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Маскав буд ва ӯ бо Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон ва ҳамчунин намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон бар сари як қатъномаи ҳаштнуктаӣ созиш карданд.

Залмай Халилзод бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон.
Залмай Халилзод бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон.

Ҳимоят аз раванди сулҳ бо раҳбарии худи афғонҳо, ташвиқи ҳарчӣ зудтари Толибон ба гуфтугӯ, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар чаҳорчӯбаи раванди сулҳ ва ҳимояти кишварҳои минтақа аз ин созиши сеҷониба, аз нуқтаҳои муҳими ин қатънома мебошанд.

Ба гуфтаи оқои Халилзод, бо таваҷҷуҳ ба ҳамин мавзуъ, умедвор аст байни кишварҳои минтақа низ назари ягона дар робита ба сулҳи Афғонистон ба миён биояд. "Мумкин аст ин созиш, ки мо бо Русия ва Чин ба он даст ёфтем, боиси он шавад, ки кишварҳои минтақа ҳам ташвиқ шаванд ва ба ин иқдоми мо пайванданд".

Рақобатҳои минтақавӣ дар робита ба сулҳи Афғонистон яке аз нигарониҳое аст, ки оқои Халилзод чанде пеш аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ишора карда буд. Нигаронии намояндаи вижаи Амрико аз рақобатҳои манфии минтақавӣ дар робита ба сулҳи Афғонистон ҳоле аст, ки Покистон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар аз қабл ваъда дода буданд, ки дар ин раванд ҳамкорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG