Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Истиқлол" дар лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 25-27-уми апрел бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон ғолиб омаданд, як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Дар бозии марказии даври чаҳоруми мусобиқот «Хуҷанд» рӯзи 25-уми апрел дар майдони худ - варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» - бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Голҳои мизбононро Турсуналӣ Рустамов (дақиқаи 2-юм), Давронҷон Эргашев (дақиқаи 7-ум) ва Дилшод Бозоров (дақиқаи 39-ум) ба самар расониданд. Голи меҳмононро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 60-ум зад.

Дар бозии дигари даври чаҳорум, ки рӯзи 26-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, «Истиқлол» -и Душанбе «Истаравшан»-Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Голҳоро Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов ва Шаҳром Самиев ба самар расониданд.

Ду бозии охирини даври чаҳорум рӯзи 27-уми апрел баргузор шуд. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ду голи мизбононро Муҳсин Абдуғаффоров (дақиқаҳои 8-ум ва 83-юм – аз пеналтӣ) ва як голи игарро Холмурод Назаров (дақиқаи 17-ум) заданд. Як голи меҳмонон ба Маҳмадраҷаб Ҷобиров (дақиқаи 40-ум) марбут аст.

Бозии ССКА «Помир»-и Душанбе бо дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар – бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки дар чаҳор бозӣ нӯҳ имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намудааст. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Хуҷанд” ва “Кӯктош” бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтаанд.

Бозиҳои даври панҷуми лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 4-уми май миёни дастаҳои «Панҷшер» – «Истиқлол», «Хуҷанд» – «Кӯктош», «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» – ССКА «Помир» доир мегардад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 2 (1:0). Давронҷон Эргашев, 7 (2:0). Дилшод Бозоров, 39 (3:0). Нозим Бобоҷонов, 60 (3:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Сафаралӣи Каримов («Регар-ТадАЗ»), 19 – корти 2-юми зард, Далер Шомуродов («Регар-ТадАЗ»), 33 – барои шатта задани ҳариф.

Бозигари беҳтарини дидор: Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

25 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 4:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 1 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 57 (2:0). Алишер Ҷалилов, 67 (3:0). Шаҳром Самиев, 72 (4:0).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

26 апрел. Душанбе. Вапзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 450 тамошобин.

«Кӯктош» – «Панҷшер» – 3:1

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 8 (1:0). Холмурод Назаров, 17 (2:0). Маҳмадраҷаб Ҷобиров, 40 (2:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 83 – аз пеналтӣ (3:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

27 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Хатлон» – 0:0

Бозигари беҳтарини дидор: Равшан Азизов («Хатлон»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

27 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

13-4

10

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

6-4

7

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

2

1

1

7-6

7

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

0

2

6-7

6

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

4

2

0

2

4-5

6

6

«Хатлон» (Бохтар)

4

1

1

2

3-5

4

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

1

0

3

4-9

3

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

0

2

2

1-4

2

Голзанҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Даври 5-ум:

4 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Панҷшер» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

«Истаравшан» – ССКА «Помир»

XS
SM
MD
LG