Баҳодур Усмонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки имрӯз, 26-уми апрел, дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба поён расид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.
Баҳодур дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни зери 64 кило имрӯз, 26-уми апрел, бар Обада Ал-Касбе аз Урдун дастболо шуд. Ёдовар мешавем, муштзани тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Далсуки Нариматсу аз Ҷопон ғолиб омад ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Ӯ дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон пирӯз гардида, ба нимфинал баромад. Баҳодур дар қувваозмоии ниманиҳоӣ, муштзани қазоқ Саматалӣ Толтаевро шикаст дод.
Зимнан, Баҳодур Усмонов, ки таҳти раҳбарии мураббии варзида Мирзо Шамсиев тамрин мекунад, дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ Осиё мушарраф шудааст.
Пеш аз ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё Ҷаҳон Қурбонов (соли 2008) ва Анвар Юнусов (соли 2011) байни мардон, инчунин Мавзуна
Чориева (соли 2010) миёни занон медалҳои тилло ба даст оварда буданд.
Вале муштзанҳои дигари тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки аз 19-ум то 26-уми апрел дар Бангкоки Тайланд баргузор шуд, аз рақибонашон шикаст хӯрда, бе медал монданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Бангкок 304 варзишгар (192 мард ва 112 зан) аз 34 кишвари қора ширкат дошт, ки ин ҳам аз ҷиҳати шумораи ширкаткунандагон ва ҳам аз лиҳози теъдоди кишварҳо шумораи рекордист.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд, инчунин Тоҷикистонро довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов ба ҳайси ҳакам намояндагӣ кард.
Бар асоси муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) ба вазишгарон дар мусобиқоти қитъавӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти пешини қаҳрамонии бокси Осиё, ки соли 2017 дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд, аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар – Ҷаҳон Қурбонов – соҳиби медал гардид. Ӯ дар вазни зери 91 кило медали биринҷӣ ба даст овардааст.