Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Усмонов дар финали қаҳрамонии бокси Осиё


Баҳодур Усмонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки имрӯз, 26-уми апрел, дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба поён мерасад, ба финал баромад.

Баҳодур, ки дар вазни зери 64 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Далсуки Нариматсу аз Ҷопон пирӯз шуд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғолиб омада, ба нимфинал баромад.

Баҳодур дар қувваозмоии ниманиҳоӣ, ки рӯзи 25-уми апрел доир гардид, муштзани қазоқ Саматалӣ Толтаевро шикаст дод. Ҳамин тариқ, муштзани тоҷик, ки ба финал роҳ пайдо кард, дар қувваозмоии ниҳоӣ имрӯз, 26-уми апрел, бо Обада Ал-Касбе аз Урдун рақобат мекунад.

Дар мавриди пирӯзӣ Баҳодур ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида мешавад. Вале агар мағлуб шавад, бо медали нуқра сарфароз мегардад.

Дар сабқати занон дар байни муштзаҳои тоҷик Миҷгона Самадова хубтар ҳунарнамоӣ кард. Ӯ, ки дар вазни зери 57 кило дар даври муқаддамотӣ бар Сония Султонқизӣ аз Қазоқистон пирӯз шуд, дар чорякфинал аз Ёдгорой Мирзоеваи узбекистонӣ мағлуб гашт.

Вале муштзанҳои дигари тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки 19-уми апрел дар Бангкоки Тайланд шуруъ шуда буд, дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Бангкок 304 варзишгар (192 мард ва 112 зан) аз 34 кишвари қора ширкат дорад, ки ин ҳам аз ҷиҳати шумораи ширкаткунандагон ва ҳам аз лиҳози теъдоди кишварҳо шумораи рекордист.

Баъди натиҷагирии даври чорякниҳоӣ маълум шуд, ки намояндагони 18 кишвар бо медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Бангкоки Тайланд мукофотонида мешаванд:

Ҳиндустон: 13 медал

Қазоқистон: 11 медал

Чин: 10 медал

Узбекистон: 9 медал

Муғулистон: 8 медал

Тайпейи Чин: 6 медал

Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Ветнам: 3-медалӣ

Ҷопон, Урдун, Қирғизистон: 2-медалӣ

Эрон, Сурия, Тоҷикистон, Тайланд, Туркманистон: 1-медалӣ.

Ба ин тартиб, шоми имрӯз, 26-уми апрел, баъди натиҷагирии рақобатҳои ниҳоӣ ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар даҳ вазн миёни мардон ва дар 10 вазн миёни занон маълум хоҳанд шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд, инчунин Тоҷикистонро довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов ба ҳайси ҳакам намояндагӣ мекунад.

Бар асоси муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) вазишгарон минбаъд дар мусобиқоти қитъавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат намегиранд. Ба онҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти пешини қаҳрамонии бокси Осиё, ки соли 2017 дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд, аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар – Ҷаҳон Қурбонов – соҳиби медал гардид. Ӯ дар вазни зери 91 кило медали биринҷӣ ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG