Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз меёбад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 25-уми апрел, мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо ширкати 14 даста шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввал се дастаи шаҳри Душанбе – «Локомотив-Помир», «Душанбе-83» ва «Шоҳмансур», панҷ даста аз вилояти Хатлон – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук», «Файзканд» (ҳарду аз ноҳияи Восеъ), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) ва «Равшан» (Кӯлоб), чаҳор даста аз вилояти Суғд – «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Зарафшон» (Панҷакент), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Исфара» (Исфара), инчунин ду даста аз шаҳру навоҳии тобеи марказ – «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) – ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқа имрӯз, 25-уми апрел, панҷ бозӣ миёни дастаҳои «Файзканд» – «Ваҳдат», «Парвоз» – «Душанбе-83», «Равшан» – «Шоҳмансур», «Зарафшон» – «Исфара» ва «Дӯстӣ» – «Эсхата» баргузор мешавад.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел байни дастаҳои «Барқчӣ» – «Саройкамар» ва «Локомотив-Помир» – «Ҳулбук» барпо мегардад.

Мусобиқа аз ду давра иборат аст. Ҳар як даста ҳамагӣ 26 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки ҷойи аввалро мегирад, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2020 мегардад.

Дастае, ки ҷойи дуюмро соҳиб мешавад, бо дастаи дар лигаи олӣ-2019 ҷойи пешазохиринро ишғолнамуда барои пайдо кардани ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли оянда мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан”, ки дар мусобиқаи лигаи аввал ғолиб шуд, имсол дар лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат дорад. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо шикаст додани “Эсхата”-и Хуҷанд аз рӯи натоиҷи ду бозии гузариш дар лигаи олӣ монд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум

25 апрел (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:30

«Файзканд» – «Ваҳдат»

«Парвоз» – «Душанбе-83»

«Равшан» – «Шоҳмансур»

«Зарафшон» – «Исфара»

«Дӯстӣ» – «Эсхата»

26 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 16:30

«Барқчӣ» – «Саройкамар»

«Локомотив-Помир» – «Ҳулбук»

XS
SM
MD
LG