Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ дарвозабони "муштзан"-и "Хатлон" ва сардовари бозиро ҷазо медиҳад


Дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар як бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ шуд.

Рӯзи якшанбеи 21-уми апрел се бозии даври сеюм доир гардид. «Хатлон»-и Бохтар, ки дар майдони худ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Голҳои мизбононро Кароматулло Саидов дар дақиқаи 14-ум ва Равшан Азизов дар дақиқаи 48-ум ба самар расониданд.

Кумитаи интизоми ФФТ нисбати дарвозабони “муштзан” Шаҳром Исмоилов ва кумитаи доварони ФФТ нисбати сардовар Гулмуроди Саъдулло рӯзҳои наздиктарин тасмим хоҳанд гирифт.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 55-ум дарвозабони нави “Хатлон” Шаҳром Исмоилов дар дохили ҷаримагоҳ ба рӯи легионери «Истаравшан» Ҷамшед Ҳасанов бо мушт задааст. Вале сардовари бозӣ Гулмуроди Саъдулло (аз шаҳри Душанбе) ин лаҳзаро, ки телекамераҳо сабт кардаанд, надидааст.

Баъди онки довари эҳтиётӣ ба сардовар дар ин бора хабар дод, ӯ ба дарвозаи «Хатлон» пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Вале сардовар барои чунин рафтори ношоиста ба дарвозабони «Хатлон» корт нишон надодааст. Тӯбро аз пеналтӣ бозигари нави «Истаравшан» Фирӯз Қараев ба ҳадаф расонд.

Сардовари бозии «Хатлон» – «Истаравшан» Гулмуроди Саъдулло баъди анҷоми дидор ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ин ҳодисаи нохушро чунин шарҳ додааст:

"Ман намехостам ҳодисаеро, ки дар дақиқаи 60-ум рух дод, шарҳ бидиҳам, вале он чизе ки баъди анҷоми бозӣ дар бозпахш дидам, маро маҳзун сохт. Ман ин лаҳзаро барои он надидам, ки баъди задани тӯб аз ҷониби дарвозабони «Хатлон», ба ман зарур буд ба лаҳзаи дигари бозӣ таваҷҷуҳ кунам. Вале, мутаассифона, дар ин лаҳза дарвозабони мизбонон ба бозигари рақиб ҳуҷум карда, ӯро задааст. Баъди таваққуф намудани бозӣ ман ба назди довари чорум рафтам, аз ӯ иттилоъ гирифтам ва ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кардам. Дар бораи корти сурх бошад, ман муътақид набудам. Ман ҳама чизро чашмдор будам, вале на чунин ҳодисаро. Намефаҳмам, барои чӣ дарвозабони «Хатлон» чунин рафтор кард, ин аллакай футбол нест. Ман хеле мутаассифам, ки чунин ҳолат рух дод. Медонам, ки алъон чизеро тағйир дода наметавонам. Вале ба ҳар ҳол ман маъзарат мехоҳам.”

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, кумитаи интизоми ФФТ нисбати дарвозабони “муштзан” Шаҳром Исмоилов ва кумитаи доварони ФФТ нисбати сардовар Гулмуроди Саъдулло рӯзҳои наздиктарин тасмим хоҳанд гирифт.

«Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Ин аввалин бохти “Панҷшер” ба шумор меравад. Голи ягонаро нимҳимоятгар Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 70-ум зад.

ССКА «Помир»-и Душанбе, ки бозиро дар меҳмонӣ бо «Хуҷанд»и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, соҳиби аввалин имтиёз гардид. Голи Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 57-ум низомиёнро ба пеш баровард. Даҳ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ легионери узбекистонии «Хуҷанд» Асилҷон Бегимқулов тавонист ҳисобро баробар намояд.

Бозии охирини даври сеюм рӯзи душанбе, 22-юми апрел, дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои “Кӯктош” ва “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ду голи мизбононро легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов дар дақиқаҳои 4-ум ва 10-ум ба самар расонид. Голҳои ҷавобиро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 31-ум ва Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 88-ум аз пеналтӣ заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқот “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷадвал дар мақоми аввал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” ва “Панҷшер” бо 6-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюуму сеюмро касб намудаанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Нозим Бобоҷонов, 70.

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

21 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3500 тамошобин.

«Хуҷанд» – ССКА «Помир» – 1:1

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 57 (0:1). Асилҷон Бегимқулов, 80 (1:1).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

21 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1500 тамошобин.

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 14 (1:0). Равшан Азизов, 48 (2:0). Фирӯз Қараев, 62 – аз пеналтӣ (2:1).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

21 апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобин.

«Кӯктош» - «Истиқлол» - 2:2

Голҳо: Муҳиддин Одилов, 4 (1:0). Муҳиддин Одилов, 10 (2:0). Шаҳром Самиев, 31 (2:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 88 - аз пеналтӣ (2:2)

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

22 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

9-4

7

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

2

0

1

5-4

6

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

2

0

1

3-2

6

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

3-3

4

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

1

1

4-5

4

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

1

0

2

4-5

3

7

«Хатлон» (Бохтар)

3

1

0

2

3-5

3

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

3

0

1

2

1-4

1

Нишонзанҳо: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Абдурасул Раҳмонов, Муҳиддин Одилов (ҳарду - «Кӯктош»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Собирҷон Холматов («Панҷшер»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

25 апрел (панҷшанбе)

«Хуҷанд»- «Регар-ТадАЗ»

26 апрел (ҷумъа)

«Истиқлол» – «Истаравшан»

27 апрел (шанбе)

ССКА «Помир» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Панҷшер»

Оғози бозиҳо – соати 16:30

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG