Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳазар"-и корфармоён аз додани кор ба маҳбусони собиқ


Як назарпурсӣ дар миёни маҳбусони собиқ дар Тоҷикистон муайян кардааст, ки онҳоро баъди баромадан аз зиндон, на танҳо корхонаҳои давлатӣ, балки ҳатто ширкату созмонҳои тиҷоратӣ ва хусусӣ ҳам ба кор қабул намекунанд.

Доғи судӣ ва нобоварӣ сабаб мешавад, ки аксар маҳбусони пешин на танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ, балки ба оддитарин корҳо пазируфта намешаванд ва ё ба фарқ аз дигарон бо музди хеле кам қабул мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ба он таъкид мекунанд, ки таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкилу зиндагии маҳбусони собиқ бояд ҷиддӣ бошад.

Наимҷон Исомиддинов, ки 4 моҳ пеш аз маҳбас раҳо шуд, мегӯяд, ба ҳар ҷое ки барои дарёфти кор муроҷиат мекунад, барои доштани доғи судӣ, ва бо баҳонаҳои мухталиф посухи рад мегирад. Ӯ дар қайди Шуғли аҳолӣ ҳам ҳаст, вале то ҳанӯз барояш онҷо ҳам коре пайдо нашудааст. Наимҷон мегӯяд, дар зиндон касби электрик ё барқкорӣ ва челонгариро аз худ кардааст, аммо ҳоло бо нафақапулии ночизи модари маъюбаш зиндагӣ дорад.

Ӯ меафзояд, корфармоҳо ба ӯ, ки дар гузашта зиндонӣ буд, бовар надоранд. "Корхонаҳои шахсӣ, ба чанд нуқтаи сӯзишворӣ ва шустушӯи мошинҳо рафтам, ки моҳонааш 500 сомон аст, барои кори нигаҳбонӣ ҳам муроҷиат кардам, аммо бовар намекунанд, мегӯянд шумо шабу нимашаб корро партофта меравед. Ҳамин хел баҳонаҳо мекобанд.”

Наимҷон дар 19-солагӣ, замоне, ки донишҷӯ буд бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҷиноят 9 сол зиндонӣ шуд. Баъди панҷ соли адои ҷазо, авф ва озод гашт. Мегӯяд, ба муҳоҷират рафта наметавонад, чун сиҳатиаш дигар хуб нест. Бо кӯмаки ҳуқуқшиносони созмони "Ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният" барои худ санад кардааст. Мехоҳад бо ба роҳ мондани тиҷорати хурде дар бозор зиндагии худро пеш барад.

Наргис Зокирова.
Наргис Зокирова.

Пажӯҳиши идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, ки дар доираи лоиҳаи "Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудаҳо ва собиқ маҳбусон" миёни беш аз 300 зиндонии собиқ ва нозирони минтақавӣ анҷом шуда, муайян кардааст, ки баъди берун омадан аз зиндон, аксарият мисли Наимҷон зиндагии сахту пур мушкиле доранд. Онҳо дар аксар ҳолат бекору бехона ва бесанад монда, чун одамони "навъи дувум" шинохта мешаванд.

Собиқ маҳбусон аслан дар идораҳои давлатӣ кор намеҷӯянд

Наргис Зокирова, раҳбари Созмони ҷамъиятии "Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди озод шудан, маҳбусон маъмулан дар ниҳодҳои давлатӣ барои худ кор намеҷӯянд. Онҳо бо умед дари ширкату корхонаҳои тиҷоративу хусусиро мекӯбанд.

"Мешавад ҳолате, ки онҳоро ба кор қабул мекунанд, аммо вақте мефаҳманд, ки ӯ собиқ маҳбус аст ва доғи судӣ дорад, бе ягон сабаб аз кор пеш мекунанд. Ҳолате буд, ки як нафар дар ширкате ронандаи таксӣ шуд. Вақте корфармо фаҳмид, ки ӯ собиқ маҳбус аст, ӯро аз кор бесабаб озод карданд. Ҳатто ба онҳо ошкор мегӯянд, ки ту дар маҳбас будӣ, барои ҳамин мо туро ба кор қабул карда наметавонем".

Ба гуфтаи Наргис Зокирова, баъди берун шудан аз зиндон ин афрод барои бунёди зиндагии нав бештар аз ҳама ба кору дастгирӣ ниёз доранд. Ин ҳомии ҳуқуқ меафзояд, дар миёни маҳбусони пешин афроди кордону арзанда ва соҳибихтисос кам нестанд, ки бо амри сарнавишт чанд соли умри худро пушти панҷара сипарӣ кардаанд. Бархурди нодурусти ҷомеа ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ метавонад дубора маҳбусони пешинро ба ҷиноят тела диҳад.

Наргис Зокирова меафзояд, "аксари онҳо бисёр руҳафтодаанд. Тасаввур кунед, одам 10-15 сол дар зиндон буд ва вақте ба озодӣ мебарояд, ӯ мисли як кӯдаки хурдсол аст. Ӯ ба зиндагии нав шурӯъ мекунад. Баъди ба озодӣ баромадан, одам ба мушкили зиёд дучор мешавад. Онҳоро оила ва ҷомеа қабул надорад. Табъиз мешаванд, онҳо одамони навъи дуввум меҳисобанд. Ҳолати рӯҳии онҳо хуб нест",-мегӯяд Наргис Зокирова.

"Ҳазар"-и корфармоён аз додани кор ба собиқ маҳбусон

Нигаронӣ аз "ҳазар"-и корфармоён аз коргаре бо доғи судӣ, дар ҳолест, ки тибқи қонун дар Тоҷикистон ба истиснои чанд ҳолат, корфармо ҳақ надорад, ки аз довталаби кор ҳуҷҷат дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ бипурсад. Ҳоло гуфта мешавад дар бисёре аз сохторҳои дигар зимни қабули кор ин санад талаб мешавад.

Додситонӣ қаблан аз мақомот тақозо карда буд, то зиндониёни собиқро фавран бо ҷои кор таъмин кунанд.
Додситонӣ қаблан аз мақомот тақозо карда буд, то зиндониёни собиқро фавран бо ҷои кор таъмин кунанд.

Дар зимн, ду соли пеш ҳам Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллӣ тақозо кард, то зиндониён собиқ фавран бо ҷои кор таъмин шаванд. Ин таъкид дар ҳоле садо дод, ки садҳо маҳбуси озодшуда дар кишвар дубора даст ба ҷиноят задаанд.

Масъулияти бо кор таъмин кардани маҳбусони собиқ бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2018 беш аз 60 ҳазор нафари бекор аз ҷумла, маҳбусони собиқ дар кишвар бо ҷойи кор таъмин шудааст. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ба маҳбусон ҳамчунин, барои ба роҳ мондани тиҷорати хурди худ қарзҳои имтиёзнок ва 3 моҳи аввал 1200 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

"Ҷое ҳам қабул шаванд, чун ғулом истифода мешаванд"

Аммо Хуршед, як сокини вилояти Суғд, ки дар соли 2016 баъди 8 соли зиндон, ба озодӣ баромад, мегӯяд, дар аксар ҳолат корҳои пешниҳодӣ як амали расмӣ аст. "Дар асл маоши он кор хеле ночиз аст. 300 сомонӣ...", меафзояд Хуршед.

Хуршед, мегӯяд, пеш аз маҳбас тиҷорати хуб дошт ва чандин нафарро ҳам соҳиби ҷойи кор карда буд. Аммо ҳоло дар масҷид хӯрок мехӯрад ва аз тангдастӣ зану фарзандонаш аз наздаш рафтаанд. Собиқ маҳбусон ба гуфтаи Хуршед агар ба коре ҳам қабул шаванд, чун ғулом истифода мешаванд.

"Аз дасти ман кори зиёде меояд. Чанд ҳунар дорам. Аммо ба куҷоҳое нарафтам ва аз рӯи эълонҳо барои худ кор кофтам. Доғи судӣ ё сину солатон гуфта, намегиранд. Кӯшиш кардам, замин гирам, деҳқонӣ кунам. Имкон нашуд. Баҳонае наёбанд, шуморо мисли як ғулом кор мефармоянд".

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқ аз корфармоҳову ширкатҳо

Ҳомиёни ҳуқуқ ба он таъкид мекунанд, ки таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкилу зиндагии маҳбусони собиқ бояд ҷиддӣ бошад. Онҳо пешниҳод доранд, ки барномаи миллие қабул шавад, то маҳбусонро ҳанӯз дар зиндон барои зиндагӣ дар озодӣ омода созанд. Ба таъкиди онҳо, ҳанӯз 1 соли пеш аз озод шудан бояд равоншиносон бо ин афрод кор баранд.

Созмони "Ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонун" ҳамчунин аз корфармоҳо ва ширкатҳои тиҷоративу хусусӣ ҳам даъват мекунад, бо таъмини маҳбусони пешин ба кор ба онҳо имконият диҳанд, то баъди маҳбус роҳи зиндагии худро пайдо кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG