Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони маъруф Беҳрӯз ва Хушқадам ҷазо гирифтанд


Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов, паҳлавонони номдори тоҷик, аз ҳаққи ширкат дар ҳамагуна мусобиқаҳое, ки таҳти сарпарастии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор мешавад, ба муддати ду моҳ маҳрум шуданд.

Дар бораи ин тасмими худ Федератсиони байналмилалиии ҷудо дар як номаи расмӣ президенти Федератсиони ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқовро огоҳ намудааст.

Дар ин нома зикр шудааст, ки Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов ба иллати ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2018 бе мувофиқа бо Федератсиони байналмилалиии ҷудо ва бе иҷозати IJF, муҷозот шудаанд. Ҳарду ба муҳлати ду моҳ аз ҳаққи ширкат дар ҳама гуна мусобиқаҳои IJF маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, Беҳрӯзи Хоҷазода соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар вазни зери 74 кило дар шаҳри Сочии Русия медали тилло ба даст оварда буд.

Хушқадам Хусравов бошад, соли 2018 дар шаҳри Бухарести Руминия бо медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 62 кило сарфароз шудааст. Инчунин Хоҷазода порсол барандаи медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳон гардидааст.

Моҳи марти имсол Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи байналмилалии Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир шуд, медали биринҷӣ гирифт.

Ҳамакнун ин гуштигири номдори тоҷик наметавонад дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20-23-юми апрел дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, иштирок намояд.

Хушқадам Хусравов ҳарчанд дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо хеле кам ширкат меварзад, қайди номаш дар феҳристи ҷудокорони ҷаҳон дар системи IJF ӯро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллии ҷудо ба муҳлати ду моҳ маҳрум месозад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG