Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши севуми Комроншоҳ барои қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, ки аз 20-ум то 23-юми апрел дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкати 286 варзишгар (мардону занон) аз 39 кишвар дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон, инчунин қувваозмоии дастаии омехта барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов нӯҳ гуштигир дохил аст: Муҳаммадризо Қувватов (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) Саидҷалол Саидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Барномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, Фуҷайра-2019

20 апрел (шанбе)
Қувваозмоиҳои инфиродӣ (занон: -48кг, -52кг, -57кг; мардон: -60кг, -66кг)

21 апрел (якшанбе)
Қувваозмоиҳои инфиродӣ (занон: -63кг, -70кг; мардон: -73кг, -81кг)

22 апрел (душанбе)
Қувваозмоиҳои инфиродӣ (занон: -78кг, +78кг; мардон: -90кг, -100кг, +100кг)

23 апрел (сешанбе)
Қувваозмоиҳои дастаии омехта

Оғози қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ – соати 11:00, қувваозмоиҳои финалӣ – соати 17:00 бо вақти Душанбе.

Ёдовар мешавем, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё - дар Тошканди Узбекистон (соли 2016) ва Ҳонконг (соли 2017) - дар вазни зери 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз шудааст. Зимнан, ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин ва ягона варзишгарест, ки ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG