Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - дар нимфинали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо


Рӯзҳои 16-17-уми апрел бозиҳои ҷавобии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо баргузор шуданд. Чаҳор даста – “Барселона”, “Ливерпул”, “Тоттенҳем” ва “Аякс” ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

“Барселона”-и Испания дар бозии ҷавобӣ “Манчестер Юнайтед”-и Англияро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Бозии аввал низ бо пирӯзии “Барселона” бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, «Барселона», ки бо ҳисоби умумии 4:0 ғолиб омад, ба нимфинал баромад.

“Ливерпул”-и Англия дар меҳмонӣ “Порту”-и Португалияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Дар бозии аввал низ “Ливерпул” дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Инглисҳо, ки дар ду бозӣ бо ҳисоби умумии 6:1 ғалаба карданд, ба ҳаққи ширкат дар нимфинал мушарраф шуданд.

“Манчестер Сити”-и Манчестер дар майдони худ “Тоттенҳем Хотспур”-и Лондонро бо ҳисоби 4:3 шикаст дод. Дар бозии аввал “Тоттенҳем» бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ҳисоб 4:4 гардид. Бо дарназардошти се тӯби дар меҳмонӣ задааш «Тоттенҳем» ба нимфинал баромад.

“Аякс”-и Амстердами Нидерланд дар меҳмонӣ “Ювентус”-и Турини Италияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозии аввал бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Аякс», ки бо ҳисоби умумии 3:2 ғолиб шуд, ба нимфинал роҳ пайдо кард.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 1-ум ва 8-уми май доир мегардад, «Барселона» бо «Ливерпул» ва «Тоттенҳем» бо «Аякс» бозӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG