Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: "Истиқлол" дар Ишқобод, "Хуҷанд" дар майдони худ бозӣ мекунанд


Бозиҳои даври дувуми Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) -2019 дар гурӯҳи «D» бо ширкати ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - имрӯз, 17-уми апрел, баргузор мешаванд.

«Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар Ишқобод бо «Алтин Асир», қаҳрамони Туркманистон ва «Хуҷанд», ҷоизадони нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар майдони худ бо «Дордой», қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунанд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Алтин Асир”-Балканобод дар варзишгоҳи “Копетдоғ”-и шаҳри Ишқобод соати 17:00 оғоз меёбад. Бозии “Хуҷанд” ва “Дордой”-и Бишкек бошад, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 16:00 шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи “D” “Истиқлол” 3-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд. Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи "D" миёни дастаҳои "Дордой" ва "Алтин Асир" бо ҳисоби 1:1 хотима ёфтааст.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи “D” “Истиқлол” бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Дордой” ва “Алтин Асир” бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. “Хуҷанд” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0

Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).

«Дордой» (Қирғизистон) «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

1

0

0

3-0

3

2

«Дордой» (Қирғизистон)

1

0

1

0

1-1

1

3

«Алтин Асир» (Туркманистон)

1

0

1

0

1-1

1

4

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

1

0

0

1

0-3

0

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

17:00 «Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

16:00 «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

1 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

XS
SM
MD
LG