Пайвандҳои дастрасӣ

Муборизаи муштзанҳои тоҷик барои ҷоизаҳои қаҳрамонии Осиё дар Тайланд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки аз 17-ум то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи бокси ҳаваскории Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Парвиз Аҳмадов 11 муштзан (6 мард ва 5 зан) дохил аст.

Дар сабқати мардон Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ мекунад: 48 кг – Шермуҳаммад Рустамов, 60 кг – Сомон Ҳабибов, 64 кг – Баҳодур Усмонов, 75 кг – Мирзомуҳаммади Бахтиёр, 81кг – Шаббос Неъматуллоев ва +91кг – Сиёвуш Зуҳуров.

Дар сабқати занон бошад, панҷ нафар рақобат мекунанд: 48 кг – Сумайя Қосимова, 57 кг – Миҷгона Самадова, 60 кг – Шоира Зулқайнарова, 64 кг – Идимоҳ Холова ва 69 кг – Нилуфар Бобоёрова.

Бояд гуфт, ки барои аввлин бор мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардону занон дар як замон ва дар як макон доир мегардад. Дар доираи ин мусобиқоти қитъавӣ рӯзи 17-уми апрел дар Бангкок ҷаласаи Ассамблеяи кулли Конфедератсиони бокси Осиё баргузор мешавад.

Бар асоси муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) вазишгарон минбаъд дар мусобиқоти қитъавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат намегиранд. Ба онҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ дода мешавад.

Зимнан, дар мавсими имсола ин дувумин мусобиқаи байналмилалист, ки муштзанҳои тоҷик ширкат меварзанд. Бархе аз онҳо имсол дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки моҳи феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек - баргузор шуд, чор медал, аз он ҷумла ду нишони тилло ба даст оварданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило миёни мардон ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 64 кило миёни занон бо медалҳои тилло, Идимоҳ Холова дар вазни то 69 кило дар сабқати занон бо медали нуқра ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи майи соли 2017 дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд, аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар – Ҷаҳон Қурбонов – соҳиби медал шуд.

Ӯ рақобатро дар вазни зери 91 кило аз даври чорякниҳоӣ шуруъ карда, бар рақибаш аз Покистон ғолиб омад ва ба нимфинал баромад. Вале Ҷаҳон дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Сумит Сангван (Ҳиндустон) мағлуб шуд ва барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG