Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Истиқлол" ва "Панҷшер" дар мусобиқоти лигаи олӣ. САДО


Даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел шуруъ шуд, шоми якшанбеи 14-уми апрел ба поён расид.

Ду бозии аввали даври дувуми мусобиқот 11-уми апрел доир гардид. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки имсол боз ба лигаи олӣ баргашт, дар майдони худ бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро ҳамлагар Бахтовар Зокиров ба самар расонид. Голи меҳмононро ҳамлагар Манучеҳр Аҳмадов зад.

Дар бозии дигар «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голи мизбононро Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Боз як голро ҳимоятгар Алишер Баротов ба дарвозаи дастааш ворид кард. Голи «Хатлон» ба Худойдод Узоқов мутааллиқ аст.

Ду бозии хотимавии даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 13-ум ва 14-уми апрел баргузор шуд. Рӯзи шанбе ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Собирҷон Холматов дар дақиқаи 40-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии охирини даври дувум рӯзи якшанбе «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ ба даровозаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ се голи беҷавоб зад. Голҳои Ҳасан Рустамов (дақиқаи 20-ум), Алишер Холмуродов (45+3) ва Нозим Бобоҷонов (47) ба мизбонон пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, дастаҳои «Истиқлол» ва “Панҷшер”, ки дар ду бозӣ шашимтиёзӣ гирифтаанд, дар ҷадвали мусобиқот пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” ҷойи аввал ва “Панҷшер” ҷойи дувумро касб намудаанд.

Чаҳор даста – «Регар-ТадАЗ», «Истаравшан», «Хуҷанд» ва «Кӯктош», ки сеимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар зинаҳои аз сеюм то шашум ҷойгир шудаанд. Ду даста - «Хатлон» ва ССКА «Помир» - бидуни имтиёз дар ҷойҳои охирин қарор доранд.

Бозиҳои даври севуми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 21-22-юми апрел багузор мешаванд. Рӯзи якшанбе, 21-уми апрел, се бозӣ доир мегардад: «Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд» – ССКА «Помир» ва «Хатлон» – «Истаравшан».

Боз як бозии даври навбатӣ рӯзи душанбе, 22-юми апрел, миёни дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ барпо мегардад.

Ҳамакнун «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 омодагӣ мебинанд. Рӯзи чоршанбе, 17-уми апрел, «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо «Дордой»-и Бишкеки Қирғизистон ва «Истиқлол» дар ин рӯз дар Ишқобод бо «Алтин Асир»-и Туркманистон рақобат мекунанд.

Зимнан, Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд", пас аз бохти дастааш ба тими "Истаравшан" бо хоҳиши худ истеъфо дод. Ӯ рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “пас аз бозӣ бо бошгоҳи «Аҳал»-и Туркманистон дар Ҷоми АФК ман мушоҳида кардам, ки дар бозиҳои минбаъда бисёре аз бачаҳо бо дили нохоҳам бозӣ мекарданд. Ин сабаб шуд, ки мо дар оғози мавсим се бозиро бохтем. Чанд нафари онҳо ба машқҳо ҷиддӣ муносибат намекарданд. Вале сабабаш ба ман маълум набуд. Ман ба хулосае омадам, ки минбаъд бо ин бозигарон ба ман кор кардан душвор мешавад. Бинобар ин, бо хоҳиши худ аз вазифаам истеъфо додам.»

Гуфтугӯ бо Нуъмонҷон Юсупов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00
Линки мустақим

Нӯъмонҷон Юсупов охири моҳи феврали соли гузашта сармураббии тими «Хуҷанд» таъйин шуда буд. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ порсол барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардида, имсол барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 роҳ пайдо кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Истаравшан» – «Хуҷанд» 2:1

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 27 (1:0). Манучеҳр Аҳмадов, 39 (1:1). Бахтовар Зокиров, 45+1 (2:1).

Боҳтарин бозигари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошобин.

«Истиқлол» «Хатлон» 3:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (1:0). Шериддин Бобоев, 45+2 (2:0). Алишер Баротов, 57 – ба дарвозаи худ (3:0). Худойдод Узоқов, 63 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

11 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Панҷшер» – 0:1

Гол: Собирҷон Холматов, 40.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

13 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 2750 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 20 (1:0). Алишер Холмуродов, 45+3 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 47 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

14 апрел. Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

7-2

6

2

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

2

2

0

0

3-1

6

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

0

1

4-4

3

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

3-3

3

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

2-2

3

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

0

1

2-3

3

7

«Хатлон» (Бохтар)

2

0

0

2

1-4

0

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

0

2

0-3

0

Нишонзанҳо: Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 3 тӯб, Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Собирҷон Холматов («Панҷшер») – 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG