Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав ҳамлавар ба муҳоҷири тоҷик шиносоӣ шуд


Александр Голованов ҳангоми фирор пас аз корд задани кӯчарӯби тоҷик
Александр Голованов ҳангоми фирор пас аз корд задани кӯчарӯби тоҷик

Мақомоти тафтишотии Русия номи шахсеро, ки 4 апрел дар хиёбони Кутузови Маскав ба як кӯчаруби тоҷик ҳамла кард, эълом доштанд. Александр Голованови 55-сола шаҳрванди Тоҷикистонро чанд корд зад, аз ҷумла ба дилаш. Пизишкон мегӯянд, вазъи ин муҳоҷир сангин аст ва ӯ дар ҳоли беҳушӣ қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шахсияти ин муҳоҷирро шиносоӣ накардаанд.

Намоянадаи Кумитаи тафтишотии Русия ба хабарнигорон гуфтааст, Александр Голованов ҳамчунин дар куштори корманди пешинаи ҳукумати ноҳияи Фили-Давидково Карина Вартанова айбдор мешавад. Ин куштор рӯзи 2 апрел рӯй дода, воқеа дар дурбинҳои назоратӣ сабт гаштааст.

Қотил нимтанаи кулоҳдор пушида, даҳону бинияшро бо ниқоби тиббӣ мебастааст ва пулис мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Александр Голованов узви гуруҳҳои нажодпарасти Русия аст. Ин шахс бо гумони куштор, ҳамла ва авбошӣ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG