Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сайёҳи амрикоиро дар Бадахшон ҷарроҳӣ карданд


Як сайёҳи амрикоӣ дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуд.

Табибони шифохонаи марказӣ дар вилояти Бадахшон шаби 12 ба 13-уми апрел Эштум Ҷейка, шаҳрванди Амрикоро, ки барои тамошо ба Тоҷикистон омадааст, ҷарроҳӣ карданд.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баробари расидан ба Хоруғ вазъи саломатии Ҷейка бад шуда, ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи маказии вилоят бурдаанд.

Табибони бемористон пас аз ташхис муайян кардаанд, ки Эштум Ҷейка ба бемории “часпаки рӯдаҳо” гирифтор аст.

Пас аз ташхис духтурони ин бемористон Эштум Ҷейкаро ҷарроҳӣ кардаанд. Ниятбеков гуфт, ҷарроҳии Ҷейка як соат идома карда, "айни замон бемор ба ҳуш омада ва худро хуб ҳис мекунад".

Эштум Ҷейка шаҳрванди 28-солаи Амрико якҷо бо сайёҳони дигар барои гардишгарӣ ба Тоҷикистон омадааст.

XS
SM
MD
LG