Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тюмени Русия ду ҷонибдори эҳтимолии ДИИШ-ро куштаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабари расонаҳои Русия, ду ҷонибдори эҳтимолии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як даргирӣ бо нерӯҳои амниятии он кишвар кушта шудаанд.

Хабаргузориҳои “ТАСС” ва “Интерфакс” ба нақл аз мақомоти Кумитаи миллии мубориза зидди терроризм навиштанд, ин афрод дар Тюмен тарҳи як ҳамлаи террористиро мекашиданд.

Ба қавли мақомоти Русия онҳо дастури таслим ба нерӯҳои амниятиро напазируфта, дар натиҷаи тирпарронӣ кушта шудаанд.

Шаҳри Тюмен дар 2500-километрии шарқи Маскав ҷойгир аст. Мақомоти Русия тахмин мезананд, ки ҳудуди 2000 шаҳрванди ин кишвар ба саффи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG