Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Нуъмонҷон Юсупов аз вазифаи сармураббии "Хуҷанд"


Нуъмонҷон Юсупов

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, пас аз бохти дастааш ба тими "Истаравшан" истеъфо дод. Ин бозӣ рӯзи 11-уми апрели имсол дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд ва ба нафъи мизбонҳо анҷом ёфт.

Нуъмонҷон Юсупов дар суҳбат бо хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, “пас аз бозӣ бо бошгоҳи «Аҳал»-и Туркманистон дар Ҷоми АФК-2019 дар даста пастравӣ мушоҳида шуд. Мо дар оғози мавсим се бозиро бохтем. Ин камбудии ман аст, ки дастаро муқобили “Истиқлол” ва “Истаравшан” омода карда натавонистам. Дарк намудам ба «Хуҷанд» сармураббии нав зарур аст, ки ба бошгоҳ дигаргунӣ ҷорӣ кунад."

Раҳбарияти бошгоҳи футболи “Хуҷанд” ба Нуъмонҷон Юсупов барои ҳамкорӣ сипосгузорӣ намудааст.

Бо қарори раҳбарияти бошгоҳи футболи “Хуҷанд” Шариф Зиёев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста таъйин шудааст. Ӯ, ки дар гузашта дар ҳайати «Хуҷанд» бозӣ мекард, пеш аз ин вазифаи сармураббии ҳайати ҷавонони дастаро ба зимма дошт.

Нӯъмонҷон Юсупов охири моҳи феврали соли гузашта сармураббии тими «Хуҷанд» таъйин шуда буд. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ порсол барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардида, имсол барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 роҳ пайдо кард.

Юсупов солҳои 2014 -2016 низ вазифаи сармураббии “Хуҷанд”-ро ба зимма дошт. Таҳти раҳбарии ӯ “Хуҷанд” соли 2015 барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардида, дар Ҷоми AFC-2016 ширкат кардааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG