Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон ҷашнвораи “Рузҳои кинои тоҷик” баргузор шуд


12 -13 уми апрел дар пойтахти Ӯзбекистон ҷашнвораи “Рӯзҳои кинои тоҷик” баргузор шуд. Дар ин чаҳорчуб филми ҳунарии “Сафари ҳавоӣ”, "Хоби бӯзина", “Тангно” ва “Таксӣ” дар толорҳои синамои Тошканд ба намоиш даромаданд. Дар расми ифтитоҳи ҷашнвора муовини аввали мудири Агентии милии “Узбеккино” Шуҳрат Ризоев ва муовини аввали студияи “Тоҷикфилм” Толиб Раҳматуллоев аз саҳми роҳбарони ду кишвар дар рушди муносибатҳои байниҳамӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ суҳбат карданд.

Ҳамчунин дар дидори ҳайатҳои ду тараф масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар риштати синамо баррасӣ гардида, аз ҷумла ба намоиши филмҳои ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, даъвати ҳамкории филмсозон дар сохтани силмҳои муштарак даъват шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Телевизиони Эрон нафткаши бритониёиро нишон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
XS
SM
MD
LG