Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ва Ветнам - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Ҷопон ва Ветнам рақобат хоҳад кард.

Қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2019 рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур, баргузор шуд.

Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ (А, В. С ва D) таъсис ёфт. Ҳар як гурӯҳ аз се даста иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба плей-офф роҳ пайдо мекунанд. Минбаъд бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне муборизаро дастаи ғолиб идома медиҳад.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2019 (U-20):

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Ҳонконг.

Гурӯҳи «В»: Тайланд, Лубнон, Қирғизистон.

Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Ветнам, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Ироқ, Индонезия, Тайбэйи Чин.

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё миёни бозигарони то 20-сола, ки барои бори дувум доир мегардад, аз 14-ум то 23-уми июн дар шаҳри Табризи Эрон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бо раҳбарии сармураббӣ Эраҷ Носеҳов дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё-2019 дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба футболи хурд ё мини-футбол "Ирбис", ки рӯзҳои 5-6-уми апрел дар шаҳри Қазони Тотористони Русия доир шуд, мақоми сеюмро касб намуд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG